Formula novemver 2024
ИШҚРО ИНТИХОБ КУНАМ Ё ОИЛААМОНРО?
5887

 

Салом ба хонандаи азизи сомонаи “Оила”! Ман дар яке аз донишгоҳҳои олии кишвар мехонам. Имсол донишгоҳро хатм менамоям. Тӯли се моҳ боз ман дар интернет саҳифа кушодааму ҳоло дар он ҷо дӯстони зиёд ёфтаам.

Яке аз онҳо духтараке буд аз шаҳри Кӯлоб. Соли тавалудаш ҳарчанд 2001 аст, вале барвақттар оиладор шуда, баъди 3 ҳафтаи зиндагӣ аз шавҳараш ҷудо шудааст. Мо дар аввал чун дӯст шинос шудем. Вале ин дӯсти меваи ишқ тавлид кард. Ман бо ӯ одат кардаам. Аз суҳбати интернетӣ ба телфонӣ гузаштем.

Аксҳояшро фиристод. Ман ҳам чанд аксамро ба ӯ партофтам. Минбаъд ҳар рӯз то шаб гап мезанем. Бо вуҷуди бокира набуданаш мехоҳам ӯро хостгорӣ намояму занӣ кунам. Намедонам, ки ин масъаларо чӣ гуна ба аҳли оилаамон ошкор кунам. Як бор дар рафти суҳат бо хонавода аз дуриҳои дур мақсади зани бокира гирифтан доштанамро гуфтам. Вале падарам ба сарам дод зада, “лаънат ба писаре, ки дар ин роҳ аст” гуфт. Яъне, оилаамон ӯро қабул надоранд. Аммо ман ба ӯ ваъда додаам, ки ҳатман барояш хостгор мефиристам ва ишқамро аз даст додан намехоҳам, зеро сахт дӯсташ медорам.

Хонандаи азиз, маслиҳат диҳед, ки чӣ кор кунам? Агар ӯро ба занӣ гирам аз оилаам мемонам, вале агар ӯро тарк кунам дигр майли бо касе оиладор шуданро надорам. Хоҳиш, бароям маслиҳат диҳед. Аз ҳарду роҳ ҳам худам зарба мебинам. Ишқро интихоб кунам ё оилаамонро?

Муъминҷон АЗИЗОВ,

сокини н. Шаҳринав

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД