arzon replenishment
Ишқи зани хӯҷаин ба сари Сабур бало овард
07.03.2022
ОИЛА
6680

 

Оғоз
Субҳи рӯзи якшанбе назди бонкамат серодам буд. Рӯзи бозор мардуми гирду атрофи маҳалла омадаанд, ки маблағи заруриашонро гирифта аз пайи харид, ризқу рӯзӣ ва кору борашон шаванд. Ин бонкомати зормонда дар як маҳаллаи калон ягона аст, бинобар ин, ҳамеша дар назди он қатори одамон дар навбат меистанд. Ин субҳ ҳам тахмин 30 кас қабл аз ман дар навбат истода буданд, ки дастгоҳ рӯйи экран паём дод: “Дар бонкомат маблағ нест!”. Садои ҳаёҳуйи мардум баланд шуд. Корманди бонк, эълон кард: “Хавотир нашавед. Сабр кунед, баъди ним соат маблағ мерасад. Ҳозир мошин дар роҳ аст”. Баъзеҳо рафтанд, баъзеҳо чун ман интизор монданро авло донистанд.
Канори марде иҷозат пурсида нишастам. Дар дасташ картаи нави бонкӣ дошт. Нав буданашро аз он фаҳмидам, ки ҳоло варақи коди он нодаронида буд.
Нохоста бо ин мард суҳбатамон қӯр гирифт. Саргузашти ӯ барои ҳамагон омӯзанда хоҳад буд.

Сарнавишти Сабур
Номи ин мард Сабур будааст. Рӯзгораш пур аз ошӯбу шебу фароз, ғаму ғусса ва дарду ғам аст, вале ӯ ҳамеша сабур буд дар баробари ноадолатиҳо ва бурд ҳам кард.
Сабур аз рӯйи ихтисос муаллими тарбияи ҷисмонӣ будааст. Дар маҳаллаи шаҳри Душанбе зода шуда, дар ҳамин ҷо ба воя расидааст ва Донишкадаи тарбияи ҷисмониро хатм карда, муддате дар мактаби шаҳр ба ҳайси муаллими фанни тарбияӣ ҷисмонӣ кор мекунад. Вале маоши муаллимӣ ба зиндагиаш кифоягӣ намекунаду баъди оиладор шуданаш маҷбур мешавад, ки роҳи муҳоҷиратро пеш гирад.
“Ҳамсарам ҳам муаллима буд, вале маоши ҳардуямон ба зиндагӣ намерасид. Ҳамин тавр, оилаамро бо як фарзанд ба ҳамсарам мондаму ба шаҳри Истра ба муҳоҷират рафтам. Писари дуюмам дар қади модараш буд,” – мегӯяд, Сабур.
Ҳамин тавр, дар Истра Сабур муддате дар сохтмон ва баъдан ба сифати нигаҳбони клуби шабона кору фаъолият мекунад. Чун варзишгар буд ва тану бозуи мувофиқ ба нигаҳбонӣ дошт. Кораш вазнин набуд, маоши хуб мегирифт, то он рӯзе, ки...

Асири Светлана
Вақти кории Сабур соати 5-и шом оғоз мешуду 8-и субҳ ба поён мерасид. Ҷойи хобаш ҳам дар як гӯшаи ҳамин клуб буд. Хӯрокашро ҳам аз ошхонаи ин даргоҳ мехӯрд. Маҳз дар ҳамин ошхона ӯ бо Светлана шинос шуд...
Вақте субҳона мехӯрд, зани малламӯйи қоматбаланд ва дилрабо ба тарафи ӯ нигоҳ мепаронид. Сабур ҳам ба имову ишораи ӯ бо табассум посух медод.
-Ҷавони нағз, ба назди шумо мумкин? – гуфта, Светлана иҷозати нишастан пурсид.
Сабур бо табассум ӯро ба наздаш хонд. Маълум шуд, ки Светлана ҳам корманди ин тарабхона буда, дар басти рӯзона ба мизоҷон хизмат мерасонад. Ӯ роҳбари пешхизматҳо буд.
-Шумо ин қадар, зебо, ин қадар боқувват, чунин марди зеборо дар умрам надида будам, - ширингуфторӣ мекард, Светлана.
-Ман ҳам шумо барин зани зеборо вонахӯрдаам, - посух дод Сабур. Вале дар ин посухи ӯ даъват барои муносибати ошиқона нуҳуфта буд.
Ин рӯзҳоро ба ёд оварда, Сабур мегӯяд:
“Ака, ман марди солим. 4-5 моҳ аз занам дур будам. Албатта, ба ман оғӯши зан мефорид. Ман наметавонистам, чунин зани зеборо аз даст диҳам, вале ояндаашро фикр ҳам накардам”.

Ишқи пуршӯр
Аз ҳамин рӯз иборат байни Светлана ва Сабур оташи ишқ аланга зад. Сабур субҳ посташро месупорид ва баробари ба ҷойи хобаш омадан Светланаро вомехӯрд, ки интизори ҷавони ҳузарби тоҷик меистод... Ишқи онҳо пуршӯру гуворо буд.
Муносибати Сабур ва Светлана дар тамоми тарабхона оҳиста-оҳиста овоза шуд. Шотаи арманӣ як рӯз ба Сабур гуфт:
“Эҳтиёт шав. Бо думи шер бозӣ накун. Светлана ҳамсари Николай Петрович аст. Николай Петрович соҳиби ин тарабхона. Дар тинати мо кӯҳистониён хиёнат нест. Ту номи тоҷик, номи кӯҳистониро доғдор накун. Николай Петрович фаҳмад, туро саломат намемонад.”
Вале ин гуфтаҳои Шота ба Сабур асар намекард. Баръакс, ӯ дар доми ишқи Светлана афтида буду эҳсоси хатар ӯро ангеза медод.
“Ман кӯр шуда будам, кӯр ака, - бо эҳсос мегӯяд, Сабур ба ман. – Фикр намекардам, ки дар коргоҳи Николай Петрович кор карда, нону намаки ӯро хӯрда, бо занаш ишқварзӣ кардани ман хиёнат аст. Дигар ин ки ман ба занам, ба фарзандонам низ хиёнат мекардам, аммо чӣ илоҷ?”

Меҳр дар чашм


-Дар даврони ишқварзиатон бо Светлана муносибататон бо ҳамсару фарзандонатон чӣ гуна буд? – мепурсам аз Сабур.
-Ака, рости гап сард. 5-10 ҳазор чойпулӣ мефиристодаму ҳафтае 2-3 маротиба телефонӣ суҳбат мекардаму халос. Дигар таваҷҷуҳ намекардам. Меҳру муҳаббатам ба Светлана буд. Ба зану фарзандони худам таваҷҷуҳ надоштам,– мегӯяд, ӯ
Воқеан, меҳр дар чашм аст. Чун Сабур дар назди Светлана буд, меҳраш ба ӯ банд шуд.

Сазои хиёнаткор


...Он субҳ низ Сабур чун ҳамешагӣ баъди анҷоми кор ба ошхона даромад ва хӯрок тановул карда, ба ҳуҷраи хоб даромад. Аҷиб, ки Светлана наомад. Ҳар саҳар ӯ атрҳои қимматбаҳоро зада, либосҳои зеборо пӯшида, аввал ба назди Сабур меомад. Онҳо нахуст ишқварзӣ карда, аз муҳаббати ҳам ком ситонида, яке хоб мерафт ва дигаре рӯзи кориро оғоз мекард.
Аммо ин субҳ аз Светлана хабар набуд. Чанд бор ба ӯ телефон кард, аммо рақамаш дастнорас буд.
Ҳамин тавр, дар интизори Светланаи малламӯй хобаш бурд.
Садои бо шаст кушода шудани дарро шунида, Сабур аз хоб бедор шуд. Аммо надид, ки аз дар кӣ даромад ва чӣ мақсад дошт. Фақат зарбаи сахте ба сараш хӯрд...
“Ман дигар ёд надорам, ки бо ман чӣ шуд. Шаб вақте бедор шудам, аз хунукӣ дарақ-дарақ меларзидам. Садои мошинҳоро мешунидаму халос. Бо тамоми қувва фарёд задам, аммо касе садои маро намешунид. Ман дар он лаҳзаҳо дарк кардам, ки ин сазои хиёнати ман аст ва ин рӯзро ба сари ман Николай Петрович овардааст,”–мегӯяд, Сабур.

Кӯмаки муҳоҷирон

Сабур ёд надорад, ки кӣ ӯро пайдо карда, ба бемористон овард. Вале вақте дар беморхонаи Истра мехобид, муҳоҷирон кӯмакрасонаш буданд. Онҳо ӯро нигоҳубин карда, билети ҳавопаймо харидорӣ карда, ба Ватан фиристоданд.
“Дар он қазия миёнам осеб диду аз по мондам. Барои ба по хестанам табобати зиёд лозим буд. Мани маъюбро ба назди занам ва ду фарзандам фиристоданд. Ҳамсарам бо меҳрубонӣ маро пешвоз гирифт ва нигоҳубинам намуд” – мегӯяд, Сабур.

Ғамгусор

Ҳамсари Сабур ба хотири нигоҳубини ӯ дар ду мактаб кор мекард. Маоши як мактабро сарфи зиндагӣ мекард, маоши дуюмашро гирифта, шавҳарашро ба беморхонаҳо мебурд...
“Ман дар замони беморӣ вақти зиёд доштам. Зиқ мешудам. Бинобар ин, аз ҳамсарам забони англисӣ меомӯхтам. Чун давраҳои нахустини омӯзишро гузаштам, тариқи интернет забон омӯхтам,”–мегӯяд Сабур.
Панҷ сол лозим шуд, ки Сабур ба по хезад.
“Табобатҳои пайдарпай, маҳсгирӣ, тиббӣ мардумӣ... ҳама воситаро ба кор бурдем, ки сари по шавам. Ҳамаи ин бо талошҳои ҳамсарам буд. Шукр, сари по шудам”,–мегӯяд, Сабур.
Сабур вақте дар бораи ҳамсари ғамгусораш ҳарф мезанад, ифтихор мекунад, пару бол мебарорад.
“Ака, ягон занаки рӯйи дунё, ба гарди пойи зани тоҷик намерасад” – мегӯяд, ӯ.

Анҷом...
Забони англисӣ ба Сабур кор дод. Рӯзе дар интернет эълон хонд, ки кадом ширкати хориҷӣ ниёз ба тарҷумони забони англисӣ дорад. Ӯ ҳам ҷойгоҳи хобро канор гузошта, оҳиста-оҳиста то идораи ҳамин ширкат омад ва имрӯз дар он ҷо бо маоши нағз кор мекунад.
-Имрӯз маоши аввалинам гузашт, паёмаш дар телефон омад. Маошро гирифта, ду велосипед мехарам. Занаму фарзандонамро ба сихкабоби хуҷандӣ мебарам... Аз пайи зиндагӣ, аз пайи фарзандон бояд шавем, ака.
Ман нақлҳои ин мардро гӯш карда, ба андеша мондам...
Ӯ нафарест, ки дар иштибоҳҳояш сабақи зиндагиро гузаштааст. Ӯ зарбаҳои қисматро подоши хиёнат медонад...
-Марҳамат, пул омад. Бонкамат дар хизмати шумо аст,–омад, садои корманди бонк.
Ҳамаи пайи кори худ шудем....

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД