arzon replenishment
Ишқи сархӯр Қисми 1
1601

 

Собир ба қавле бачаи талбидагии модар ба шумор мерафт, зеро баъд аз даҳ соли дар мазорҳо чароғ мондану аз Худо зора карданҳо ба дунё омада буд.

Собир дусола буд, ки падараш аз дунё гузашт, вале Гулзор-хола дигар ёди шавҳар накарда, ба тарбияи писари ягонааш машғул шуд.

Ин бонуи меҳнатӣ дар ҷавонияш говҷӯши номдоре буд ва баъди таъсис ёфтани аввалин фермаи шахсӣ дар ноҳия ӯро чун мутахассиси таҷрибадор ба кор даъват карданд. Собир низ ёрдамчии модар буду зиндагии тинҷу осудае доштанд, писарак баъди дарс дав-давон назди модар мерафту баъди кор онҳо якҷоя бо табъи болида ба хона бармегаштанд.

Зиндагӣ дар маҷрои худ равон буду Собир оҳиста-оҳиста қад кашида, ҷавони зебое шуд, мактабро бо баҳои хубу аъло хатм карда, бо маслиҳатҳои модари меҳрубон роҳи пойтахтро пеш гирифт. Азбаски дониши хуб дошт, ба яке аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвар дохил шуда, дар риштаи иқтисод ба таҳсил сар кард.

Гулзор-хола Худоро зора мекард, ки ба бачаи талбидааш тавфиқу имон диҳад то дар шаҳрҳои бегона ба роҳи баде нарвад. Собир баъд аз дарс худро ба ҳар кор мезад то пуле барои таҳсил ёбаду модари бечораашро камтар ғусса диҳад.

                         Лутфи қисмат

Дар наздикии хобгоҳи Собир супермаркети калоне буд, ҷавон бо яке аз кормандони он шиносоӣ дошту ҳар гоҳи омадани бор шиносаш ӯро ба ёрӣ даъват мекард. Бист-сӣ сомонӣ ҳам ёбад, хурсанд мешуд ҷавони камбағал, дар яке аз чунин рӯзҳо зани калонсоле омада, борфарории онҳоро назорат карда, ба ӯ хуб зеҳн монд. Шиносаш зери лаб ба Собир гуфт:

-Агар раиса пурсад, ки ту ин ҷо чӣ кор мекунӣ, гӯй, ки писараммаи ман ҳастию барои ёриям омадаӣ, вагарна ҳардуямон аз кор мемонем. Ҳамин дам зан гуфтугӯи онҳоро шунидагӣ барин, Собирро наздаш ҷеғ зада гуфт:- Ту ҷавони нағз ин ҷо чӣ кор мекунӣ?- Собир, ки дар умраш дурӯғ нагуфта буд, чунин посух дод:

-Ману Бароталӣ, ана ҳамин корманди шумо ҷӯраем, ӯ танқисии ҳаёти маро медонад, аз ин рӯ баъзе корҳо пайдо шавад, даъватам намуда, пули гирифтаашро бо ман тақсим мекунад.

-Дасти якдигарро гирифтан нағзу ту аслан чӣ ҳунар дорӣ,- бозпурсӣ кард раиса,- ман донишҷӯям, падар надорам, модарам дар як фермаи шахсӣ говҷӯш аст, бисёр мехоҳам, ӯро ташвиш надиҳам.

Бо шунидани иқрори рӯирости ҷавон симои раиса тағир ёфт ва илова кард:

- Ман туро ба ҳайси маслиҳатчӣ дар растаи маҳсулоти ширӣ ба кор мегирам, аз фардо баъди дарс ба кор биё!- Пеш аз хайрухуш раиса боз савол дод:-Номат чӣ буд?

-Собир,- саросема ҷавоб дод ҷавон.- Бароталӣ, рафиқи тасодуфии Собир, ки аслан бачаи шаҳр ва бемиён буду танҳо барои фаровардани борҳои вазнин рафиқи қишлоқияшро ҷеғ мезад, ин гуна ранг гирифтани воқеаро дида, ба китфи Собир тап-тап зада, изҳори хурсандӣ кард:

-Як зиёфат қарздор шудӣ ҷӯра, агар донӣ, ки маслиҳатчии растаи маҳсулоти ширӣ чанд сомонӣ маош мегирад, аз хурсандӣ кафида мемурӣ!

                   Меҳрубонии раиса

Собир аз барори кораш хурсанд ба хобгоҳ баргашту рӯзи дигар пеш аз соати корӣ ба коргоҳ ҳозир шуд, раиса низ расида омад ва ба сарвари мағоза марди мӯйлабдори ҷиддӣ фармон дод, ки ба коргари нав нозукиҳои корашро фаҳмонад.

-Ман Собирҷонро барои он ба растаи масолеҳи ширӣ ба кор гирифтаам, ки аз рӯи гуфти худаш модараш як умр говҷӯш будааст,- бо ханда гуфт раиса, ки атрофиён дар ҳузураш ӯро Сайҳуна Бахтиёровна меномиданд. Собирҷон аз таҳти дил ба кор часпид, ӯ ғайр аз маслиҳат додан ба харидорон, ки ин шир чӣ гуна асту ин қаймоқ чӣ хел, боз ба тозагии растааш, ки аслан кори дигарон буд, аҳамияти ҷиддӣ медод. Раиса зуд-зуд омада, корманди навро ба сӯҳбат мекашид, маоши Собирҷон ҳазор сомонӣ бошад ҳам, “ту донишҷӯй ҳастӣ” гуфта, ба вай панҷсад сомонии дигар иловагӣ дод. Пас аз ду моҳи корӣ раиса ба Собирҷон гуфт, ки сехи коркарди шир кушоданисту ӯро барои бастани шартнома ба деҳа ба фермае мефиристад, ки модараш он ҷо кор мекунад. Ҷавон аз ин таклиф худашро гум карда, чӣ гуфтанашро намедонист, аммо Сайҳуна бо нигоҳи гарму меҳрубонона гуфт: Ман барои ин ба ту пул медиҳам ва аз мудири ферма талаб мекунам, ки ба модарат чун намояндаи мо маоши иловагӣ муқаррар намояд. Собирҷон ба ин зани меҳрубон бо миннатдорӣ нигариста, розӣ шуд, охир кӣ чунин бахтро пеши по мезанад, боз дар ҳамин замона.

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД