Яке аз ибораҳои маъмултарини мардуми мо дар ин шабу рӯз чунин аст: “Пул бошад, ҳамааш мешавад!».
Бояд гуфт, нафароне, ки чунин андеша доранд, ҳеҷ гоҳ аз вартаи камбағалӣ раҳоӣ намеёбанд. Тавре Стив Сиболд, муаллифи китоби «Фикру андешаи сарватмандон» иброз медорад, пурсишҳои зиёд нишон доданд, ки маҳз камбағалон пули зиёдро маънии зиндагӣ мешуморанд.
Сарватмандон бошанд, баръакс аз даромад не, аз амалӣ сохтани орзуву ақидаҳои худ роҳат мекунанд. Аксарияти нафарони пулдор чандин маротиба муфлис шуда бошанд ҳам, ба ин файласуфона назар кардаанд. Ба пул не, ба амал диққат доданашон сарвати онҳоро аз нав афзудааст.
Барои он ки одам тарзи дурусти истифодаи пулро омӯзад, вақт лозим аст ва китоб хондан ҳатмист.