Sebiston new 2024 october
Ишқи пул чашми падару модарамро кӯр кардааст
1357


Салом! Рамзия ҳастам, як духтари ҷавони дар чорсӯйи зиндагӣ дармонда ва мехоҳам сарнавишти худро нақл карда, аз хонандагони рӯзгордидаи сомонаи Оила. ТЧ маслиҳат бипурсам.

Ман дар курси аввали донишгоҳ мехонам ва нав ба синни 19-солагӣ қадам гузоштаам, вале падару модарам ҳарчи зудтар маро бо обрӯ ба шавҳар дода, ҷонашонро халос кардан мехоҳанд. Чанде пеш онҳо маро ба як ҷавони худпарасту мағрур, ки падараш бою бадавлат будааст, фотиҳа карданд. Домодшаванда дар ҳамсоягии амаам зиндагӣ мекардааст ва ба қавли волидонаш, ҳангоми ба хонаи амаам меҳмонӣ рафтанам, тасодуфан маро дида, гӯё ошиқи зор шудаааст.

Духтари амаам мегӯяд, ки домодшаванда чандон бачаи хуб нест, аз пушти пулу моли падараш парида, дигаронро ранҷу озор медиҳад, бар замми ин, бангӣ ва духтарбоз аст. Хулоса, як бойбачаи пулмасти авбошсурат будааст. Ман шунидаҳоямро ба падару модарам гуфтам, вале онҳо бепарвоёна даст афшонда мегӯянд, ки духтари аммаам аз рашку ҳасуд ин гапҳоро гуфтааст, чунки ин ҷавони сарватманд ҳамсояашон бошад ҳам, ӯро не, маро интихоб кардааст...

Ман ба духтари амаам боварӣ дорам ва фикр намекунам, ки ин гапҳоро аз сари рашк гуфта бошад, чунки худам низ вақти ба хонаамон хостгорӣ омаданашон чашмони беҷо ва нигоҳи булҳавасонаи домодшавнадаро пай бурда будам. Аз чашмони бозингараш маълум буд, ки ҳавасбоз аст ва духтар “шикор” карда мегардад.

Ростӣ ба ман пулу молва давлату сарват даркор нест, марде бошад, ки маро дўст дорад ва ба ќадри хонаю дари обод бирасад, кифоя аст. Ҳанӯз ҷавонам ва боварї дорам, ки рӯзе албатта љавони муносибе пайдо шуда, маро хушбахт месозад, вале ҳарчанд кӯшиш мекунам, инро ба волидонам фаҳмонда наметавонам. Онҳо домоди серпулро аз даст доданӣ нестанд ва ҳарчи зудтар маро бо тӯю тамошо ба ин ҷавон ба шавҳар додан мехоҳанд. Ишқи пулу мол чашми волидонамро чунон кӯр кардааст, ки дигар на бангӣ будани домодшаванда ба назарашон метобаду на булҳавасию духтарбозиаш.

Волидонам мегӯянд, дар дунё ягон марде нест, ки дар умраш занбозӣ накарда бошад. Ин бача ҳам, фардо зан гирад, ором шуда, аз паси зиндагӣ мешавад.

Ростӣ, аз баҳсу мунозираи зиёд ба падару модарам сахт хаста шудаам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД