Sebiston new 2024 october
Ишқи пирӣ Қисми 3
12.08.2022
ОИЛА
2580

Доми шогирд

Он рӯз профессор Самадов бо хӯшгӯйиву меҳрубонӣ дили шогирдаш Судобаро ба худ гарм кард. “Ҳар вақт хоҳӣ, биё! Дари кабинети ман ҳамеша ба рӯйи ту боз”-гуфта, ба ӯ иҷозат дод, ки ҳуҷраи корашро ҷойи истироҳату фароғат кунад. Судоба ҳам, ки оғӯши мардро орзу мекард, асири тавсифҳову меҳрубониҳои устодаш шуда, ҳар вақт, ки дилаш хоҳад, вақти танаффус ё баъди дарсҳо ба ҳуҷраи вай меомад. Он ҷо чою қаҳва менӯшид ва аз шириниҳову донагиҳое, ки шогирдон ба профессор меоварданд, тановул мекард. Ин равуо сабаб шуд, ки муносибати Самадов ва Судоба аз доираи алоқаи устоду шогирд фаротар равад.

Оҳиста-оҳиста Самадов вақти тавсифҳову хушгӯйиҳояш ба дасту пой ё сару гардани Судобадаст мерасонид ва ҳиссиёти ҷавонзани озурдаро бедор мекард. Ин рафтори мард ба духтар мефорид, вале шарм мекард, ки рӯирост изҳори муҳаббат кунад ва аз он меандешид, ки ӯ марди оиладор аст. Вале вақте дар ҳузури ин марди қоматбаланди миёнсол, ки қаду қомат ва китфу бозуяш аз ҷавони 20-сола кам набуд, менишаст, вуҷудаш меларзид.

Ҳамин аст, ки яке аз рӯзҳои мулоқот устоду шогирд ҳамдигарро оғӯш кашиданд... Бӯсаҳои гарми муаллим дили шогирдро ба таҳрик меовард. Вуҷудаш месӯхту пайкараш меларзид. Ва билохира худро таслими ӯ кард.

 

Андешаҳо дар танҳоӣ

Баъд аз оне, ки муаллим Самадов аз шогирдаш Судоба ком ситонид, асири ӯ шуд. Марди 55-сола чунон асири ҷавондухтар шуд, ки гӯё ҷавони 16-сола бошаду бори аввал ишқ меварзад. Шабу рӯз дар фикри Судоба буд. Чун вақти фориғ аз кор дар курсиаш такя мезаду чашмашро мепӯшид, зуд ба ёдаш Судоба меомад...

Бадани сап-сафеди ӯро дар оғӯшаш тасаввур мекунад, лабони ғавсашро миёни дандонаш, дастонашро ҳалқа ба миёнаш.

Ӯ чунин оғӯши гарму ҷонгудозро боре ҳам надида буд.

Ба худ меандешид, ки чаро асири ин духтар шуд. Ҳол он ки ҳамсари меҳрубону зебо дорад. Ҳамсаре, ки 5 сол дар ҳаваси ӯ шабро пушти тирезаи хобгоҳи духтаронаи донишгоҳ рӯз мекард. Билохира ба ӯ изҳори муҳаббат карду дилашро ба даст овард. Оиладор шуду соҳиби 4 фарзанд гашт...

Вақте ӯ бо ҳамсараш Малика оиладор шуд, хатмкунандаи донишгоҳ буд. Онҳо ҳама сахтиҳои рӯзгорро якҷо тай карданд. Ӯ ба сифати устоди ҷавон ба донишгоҳ ба кор омад. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ буду маоши муллим хеле кам. Маоши ӯ 2 кг қанди сафед мешуду халос, вале ҳамсараш ҳамон солҳо ба тиҷорат рӯй оварда аробаи зиндагиро мекашид. Бо дастгирии ӯ Самадов аввал номзад ва баъдан доктори илму профессор шуд. Обрӯ ёфт, пул ёфт, соҳиби мошину хонаву дар шуд...

Магар кори дуруст мекунад, ки ба чунин зан хиёнат мекунад. Чор фарзандаш чӣ мешавад? Не...

Вале дар баробари ин, оғӯши гарми ҷавондухтар Судоба рӯҳашро ором намегузошт. Дилу ҷонашро ба ларза оварда буд, ишқварзӣ бо ин духтар, агар ӯро раҳо кунад, лаззати зиндагӣ, ки нав ба даст овард, аз он маҳрум хоҳад шуд...

 

Шарти Судоба

Профессор ғарқи чунин андешаҳо буд. Садои даркӯбӣ ӯро ба худ овард. Баъди лаҳзае Судоба чун оташ вориди ҳуҷра шуд.

-Салом муаллим, - гуфта, қулфи дарро аз дарун тоб дод. Ва рост омада, рӯйи зонуҳои профессор Самадов нишаст.

Чунин муносибати устоду шогирд аллакай анъана шуда буд. Самадов ҳам тез-тез аз гардану рухсораву лабҳои шогирдаш бӯса меситонид. Судоба ҳам бӯсаҳои ҷавобӣ медод.

-Гапи дирӯзаи маро фикр кардед? – пурсид Судоба.

-Ҳоло каме сабр кун,– гуфта Самадов гапро ба дигар ҷой бурданӣ буд.

-Тамом! Ман бе никоҳи мусалмонӣ дигар бо шумо ишқварзӣ кардан намехоҳам. Ин гуноҳ аст. Дигар ин ки ман фарзанду хонаи обод мехоҳам.

Самадов, ки ин ишқварзиҳоро дилхӯшии муваққатӣ мепиндошт, ин шартро ба сараш ҳамчун бори гарон қабул карда буд.

-Азизам, ба ту чӣ намерасад. Ман туро таъмин мекунам, тӯҳфа мехарам, ҷойгаҳатро гарм мекунам, боз ба ту чӣ лозим.

-Охир, бе никоҳ намешавад. Маро ба никоҳат дарор.

Ин шарти Судоба муаллимро пакар карда буд. Чӣ тавр метавонад, марди оилаву хонаву дардор ба болои ҳама пой монда, аз паси зани дуввум равад.

Вақте ин суолро ба Судоба дод, ӯ дарав гуфт:

-Ҳеҷ гап не, занат мағозаи калони либос дорад. Ба пули ту муҳтоҷ нест. Ҷавобаша деҳ. Ҳар ду ҳамроҳ зиндагӣ мекунем. Бачаҳоят калон шудаанд, ба онҳо дигар ту лозим нестӣ.

Ин ҳарфҳо қалби профессор Самадовро ба ларзиш меоварданд.

Пеши чашмаш симои духтари кенҷаву эркааш меомад.

-Судоба, ту маро дарк кун. Ман наметавонам аз баҳри хонаводаам гузарам...

Судоба идомаи гапро гӯш накарда, дарро зада баромада рафт.

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД