Фаъолдухтар
Гулроз дар хонаводаи марде ба дунё омада, ба воя расид, ки як умр дар корҳои роҳбарӣ заҳмат кашида буд. Солҳои шӯравӣ зиёдтар аз ҳамин гуна оилаҳо духтарони фаъолу пешсаф мебаромаданд. Гулроз як бародару як апа дошт, апааш омӯзишгоҳи тиббиро хатм карда, ба шавҳар баромад, бародараш Донишгоҳи омӯзгориро тамом карду дар маорифи ноҳия ба кор шурӯъ кард. Аммо Гулроз…
Гулрозро падараш аловдаста мегуфт, ин духтари бачамонанд ба донишгоҳи аграрӣ дохил шуду онро бо баҳои хубу аъло хатм карда, дар хоҷагияшон агроном шуда, ба кор оғоз намуд. Ӯ хеле зебо, қоматбаланд, мӯйдарозу хушлибос буд, аммо характери мардона дошт. Сар-сари замини пахта гашта, ба деҳқонон маслиҳатҳо медоду нимаи шаб пакару талол ба хона омада, сар ба болин мениҳод. Падараш ӯро бисёр дӯст медошт, аммо модараш аз тақдири ӯ дар ташвиш буд. Метарсид, ки духтари коркуштааш бе шавҳар мемонад, аксарияти фаъолдухтарон ё пирдухтар мешуданд ё шавҳар ҳам кунанд, дар зиндагии оилавӣ хушбахт набуданд. Падараш ташвишҳои духтарашро дида, ӯро ба курси кутоҳи ронандагӣ дохил намуду «Волга»-и он вақтҳо машҳурашро ба духтараш туҳфа кард. Аброр, писараш аз ин кори падар каме ранҷид, аммо падар барои ҷанг наандохтан байни акаву хоҳар барои писараш низ мошин харид. Гулроз хушдор дошт, аммо ҳамаи онҳоро феъли мардонаву шартакигӯйиҳои зебосанам аз ӯ дур мекарданд, танҳо як нафар ӯро бо ҳама «айбу гуноҳаш» қабул дошт ва ошиқаш буд…
Ишқи нобаробар
Самад аз маркази ноҳия ба хоҷагии онҳо ба кор омада буд, ин ҷавони зебо сарвари ҷавонони хоҷагӣ буду каму ғам не, 12 сол аз Гулроз хурд буд, аммо ин ҳама натавонист ишқи зебосанами саҳрогардро аз дили ӯ заррае кам кунад. Ӯ ҳамеша ба Гулроз мактубҳои ошиқона менавишт, дили Гулроз ҳам ба сиёҳабрӯ моил буд, аммо аз гапи мардуму қаҳри падараш метарсид. Сӯҳбати духтар бо Самад аз доираи одоб берун набуд, ишқи Самадро рад мекард, вале дар дилаш Худоро илтиҷо мекард, ки ӯ наравад. Хостгорони аҳён-аҳён дар остонаашон пайдошударо рад мекард, зеро дилаш кайҳо моили Самад буд. Боре ҷавон ба ӯ гуфт:
-Ин бегоҳ падараму амакам ба хонаатон хостгорӣ мераванд, худат пайвандонатро ризо кун.
Хостгоронро падараш бо хушнудӣ пешвоз гирифт, аммо модараш ҳеҷ намехост духтараш ба ҷавони аз худаш хурд ба шавҳар барояд. Вале Гулроз ба волидонаш гуфт, ки агар ба хостгорони Самад розигӣ надиҳед, ман ба каси дигар намерасам. Колхоз барои кадрҳои ҷавон хона сохта истодааст, ман худамро номнавис кардаам, хона гирифта меравам. Бечора модар, медонист, ки Гулроз гапи гуфтаашро мекунад, дигар чизе нагуфт. Гулрозу Самадро фотеҳа карданд, ишқи нобаробари онҳо ғалаба карду тӯйи комсомолӣ ороста, онҳоро ба хонаи бахташон гусел намуданд. Хусураш Гулрозро дӯст медошт, аммо хушдоман ба вай аз рӯзи аввал рӯйи хуш надод. Баъди се моҳи хонадорӣ Гулрозу Самад ба ҳавличаи зебову хушсохташон, ки онро колхоз барояшон ҳадя намуда буд, кӯчиданд.
Кӯдакфеъл
Самад тобеи занаш буду чӣ гапе ӯ гӯяд, ҳамонро иҷро мекард, субҳ ҳамроҳи занаш ба кор мерафту бегоҳ ба барвақтӣ баргашта аз пушти корҳои хона мешуд. Ҳамсояи узбекашон Ҳанифаи дузанда, ки ҳамеша куртаҳои Гулрозро медухт, бо шӯхӣ мегуфт:
-Гулрозҷан, ин хотунқулӣ (ғуломи зан)-ро аз куҷо ёптӣ-а?
Оҳиста-оҳиста ҷанги шаҳрвандӣ сар шуду колхозҳо барҳам хӯрданд, Самаду Гулроз бекор монданд. Падари насиҳатгараш оламро тарк гуфту модари кампираш худаш пиру дастнигари келину набераҳо, акнун ба Гулроз такягоҳ намерасид. Самад ба як кӯдаке шабоҳат дошт, ки мехӯрду мехобид, Гулроз дид, ки намешавад, ба тиҷорат даст зад. Зиндагияшонро даҳ сол шуда бошад ҳам, кӯдакдор нашуданд, аммо Самад ҳеҷ намехост аз занаш ҷудо шавад, хешу таборонаш ҳам аз ин бекорхоҷа безор буданду Худо мегуфтанд, ки Гулроз аз хона пешаш накунад. Кори хонаву ҳавлӣ, нигоҳубини боғу роғу чорво бар дӯши Самад буду ҷонашро ба хатар монда, рафта аз пойтахт орд оварда фурӯхтану пул кор кардан бар дӯши Гулроз. Шояд зиндагияшон ҳамин гуна идома меёфт, вале...
Давом дорад.