Arzon march 2024
Ишқи нави Зулайхо Иброҳим Челиккол кист?
4219


Қариб ду сол мешавад, ки ҳар шом хурду калон назди оинаи нилгун нишаста, саршавии қисми нави сериали машҳури туркиро бо номи “Рӯзгороне дар Чукурово” интизорӣ мекашанд. Воқеаҳои филм чунон пур печутоб ҳастанд, ки қариб дар ҳар як қисмат ба сари қаҳрамонаш ягон мусибат ё бадбахтии дигар меояд.

Зулайхо-қаҳрамони асосии ин сериал натанҳо марди дӯстдоштааш Илмозро аз даст дод, балки падари фарзандонаш низ бе ному нишон гашт. Пас аз он ки ҷисми беҷони Дамирро гӯё аз як яхдон меёбанд, дар ҳаёти Зулайхо боз як марди дигар пайдо мешавад.

Мехоҳед донед, ки ишқи нави Зулайхо кист? Пас,мутаваҷҷеҳбошед!


Сағераи машҳур
Ҳокон  Гумушуғлу- ишқи нави Зулайхо, ки барои қасос гирифтан аз Дамир ба Чукурово омада, ба ҳамсари ӯ ошиқ мешавад, марди хеле сарватманд ва сер харидор аст. Ин нақшро дар сериал ҳунарманди хеле машҳури турк Иброҳим Челиккол бозида аст.
Ибрагим Челиккол дар “рӯзи ошиқон” 14-уми феврали 1982 дар Измир ба дунё омада, падараш араб ва модараш аз Гретсия мебошад. Волидонаш дар базаи ҳарбии “Гулчук” кор мекарданд, вале баъдан падараш аз сактаи дил ин дунёро падруд гуфта, Иброҳим ва хоҳараш, ки дар синну сол аз ӯ калонтар буд, ятим мемонанд.


Арвоҳи падарашро медиду...


Иброҳим дар ҷавонӣ бо басткетбол машғул буд ва бисёриҳо боварии комил доштанд, ки ин ҷавони қоматбаланд ҳатман чемпион мешавад, вале баъди марги падараш ҷавон аз баҳри ин намуди варзиш гузашт. Дар як сӯҳбати ошкоро бо журналистон Иброҳим Челиккол иқрор шудааст, ки баъди сари падараш ҳар гоҳ ба баскетболбозӣ равад, дар байни издиҳоми мухлисон арвоҳи падарашро медид. Падари аз дунёгузаштааш аз дур ба сӯйи ӯ даст афшонда, дар ҳар ғалабааш кафкӯбӣ мекард, вале...
Дертар онҳо ба Истамбул кӯчиданд ва бо ҳамин дарёи зиндагии Иброҳим маҷрои дигар пайдо кард. Дар пойтахт бо дониши худаш ба факултаи иқтисодии донишгоҳ дохил шуда бошад ҳам, баъди муддате Иброҳим аз баҳри таҳсил гузашта, ба мӯд рӯ овард. Азбаски аз давраи кӯдакӣ бисёр бачаи кордон ва чаққону дилёб буд, тавонист мағозаи шахсии худро боз намуда, мустақилона аз паси тиҷорат шавад, аммо...

Харидори хуш пою қадам
Мағозаи Иброҳим асосан ба фурӯши либоси мардона машғул буд. Боре коргардон ва продюссери машҳури турк Осмон Синав бо нияти харид кардан ба ин мағоза ворид шуд ва аз фурӯшандаи қомат баланд бисёр хушаш омада, Иброҳимро ба лоиҳаинаваш «Pars: Narkoterör» даъват намуд. Дар ин филм ҳунарманди ҷавон нақши капитан Шамил Ботурро бозида, бо машҳуртарин синамогарони турк ОсмонСойкут, Адем Явуз Озод, Седа Бакан ва дигарон аз наздик ошно гашт ва ҳамин тавр роҳаш ба олами синамо кушода шуд.
Соли 2011 Иброҳимро ба сериали “Иффат” даъват намуданд. Дар ин филм нақши ронандаи такси Ҷамилро бозида, Челликол дар сар то сари Туркия машҳур гашт, вале филме, ки ба ин ҳунарманд шӯҳрати ҷаҳонӣ овардааст, ин сериали “Ишқи сиёҳусафед” мебошад, ки дар он Иброҳим нақли киллер Фарҳодро бозӣ мекунад.
Ҳамин тавр, дар як муддати кӯтоҳ дар зиёда аз 30 филм нақшҳои ҷолиб ва хотирмон офарида, Ибрҳим Челиккол ба сафи ситораҳои синамои турк дохил шуд...

Марди духтар боз ба дом афтод


Ишқи нави Зулайхо марди булҳавас ва духтарбоз буда, бо чандин зебосанамҳо муносибатҳои ошиқона доштааст. Иброҳим дар оғозошиқишайдоиАбрӯПолатбуд, вале баъд ба зебосанами дигари синамои турк Экинджи дил бохта, Абрӯро партофт. Дертар ба  Ёсамин Аллен, ки дар филми «Милосердие» ҳамроҳаш нақш меофарид, ошиқшуд, аммо ин ишқ низ дер давом накарда, баъди ба сериали “Иффат даъват шуданаш, ин ҷавони булҳавас волаву шайдои ҳам бозиаш Дениз Чакир гашт. Иброҳим ба Дениз ҳам хиёнат карда, бо Санам Кобал муносибатҳои ошиқона барқарор намуд, вале баъдтар аз баҳри ин нозанин гузашта, бо актриссаи дурагаи турк ва немис Осмон Краус часпид, вале Осмон ҳам натавонист ин ҷавони қайсарро ба роҳи рост дарорад. Хулоса, оқибати мисли занбӯри асал аз як гул ба гули дигар парвоз карданаш ҳамин гашт, ки Иброҳим зеботарин духтарони туркро аз дастдода,бо як духтараки оддиву хоксор бо номи Маҳрам, ки архитектор шуда кор мекунад, оиладор шавад. Тӯйи онҳо дар як деҳаи дурдаст хеле хоксорона баргузор гашта бошад ҳам, Иброҳим аз рӯйи гуфти худаш дар ҳаёти оилавӣ хушбахт аст, вале касе кафолат дода наметавонад, ки ба Зулайхо ошиқ шуда, ӯ аз баҳри зан ва зиндагии ободаш намегузарад.
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД