Formula novemver 2024
Ишқи мӯзадӯзи гунг қисми 2
1332
no-img

 

Ҷамшед баъди шунидани ин шумхабар қариб, ки аз ҳуш равад. Чанд рӯзи дигар ба дӯкон наомад. Дар хона бистарӣ шуд. Аз иштиҳо монд, фақат ба як нуқта нигоҳ мекард. Дар ин дунёи фиреб зистан барояш дардовар буд.

Таманноро ба шавҳар доданд. Духтар ба тақдираш тан дода, ишқи ҷавони гунгро аз дил бадар карданӣ шуд. Шавҳари зебову сарватманд ба зудӣ дилашро ёфту дигар ёди Ҷамшедро аз дилу дида бадар кард. Ҷамшед баъди панҷ моҳ боз ба кор баргашт. Вале дидагонаш ҳамеша ҷониби дар буданд. Хаёл мекард, ки Таманно боз ӯро диданӣ меояд. Бе ишқи Таманно зиндагӣ барояш маъниашро гум кард.

Вақте фаҳмид, ки Таманно барои меҳмонӣ ба хонаи модараш омадааст, зуд роҳи хонаи онҳоро пеш гирифт. Пушти ҳавлии онҳо нигоҳ карда истод,вале Таманноро надид. Бегоҳӣ бо дили шикаставу афгор ба хона баргашт.

Се сол аз байн бо интизориву орзукарданҳо гузашт, аммо боре Таманно аз дари дӯкони ӯ надаромад. Барои Ҷамшед духтараки гунгеро аз деҳаи дигар келин карданӣ шуданд. Ӯ розӣ нашуд, зеро ба ишқи Таманнояш хиёнат карданӣ набуд.

Шабе аз парешониву гувоҳии дил хобаш набурду субҳи солеҳон ба назди ҳавлии волидони Таманно омад. Садои навҳаву фиғон тамоми деҳаро пахш кард буд. Ҷавон бо талвоса ба даруни ҳавлӣ даромад. Миёни ҳавлӣ тобуте меистод. Ҷамшед ба модари Таманно нигарист, ки сарашро дудаста дошта, ба девор мезад.

Ҷамшед бо чашмони пурашк давиду қатори дигар мардон тобути Таманнои ҷавонмаргшударо бардошт. То ба қабристон расидан, бе садо нола мекард. Мехост бори вопасин рӯи зебову сап-сафеди Таманноро бубинад, вале ҳаросид аз шавҳари Таманно, ки ин дам дар тан либоси сияҳ нола мекард.

Баъдан фаҳмид, ки Таманно ҳангоми тавлиди тифл фишори хунаш баланд шуда фавтидааст. Тифлакаш ҳам баъди ним соат ин дунёро падруд гуфтааст.
Баъди марги Таманно Ҷамшед зуд-зуд ба сари қабраш меомаду соатҳо худ ба худ рози дил мегуфт. Ҳамин хел оҳиста-оҳиста аз деҳаашон фирор карда, ба қабристон омаду ҳамин ҷо маскан гирифт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД