arzon replenishment
Ишқи мӯзадӯзи гунг қисми 1
1619
no-img


Аз рӯзе, ки як бомжи ҷандапӯши гунг манзили хомӯшонро барои худ манзил намуд, аз мардуми деҳа касе ҷуръат намекард, ки ин бандаи безабонро аз қабристон бароварда пеш кунад.

Аслан аз ӯ ба касе зарар намерасид, тамоми чор фасли сол байни қабрҳо хоб мерафту ҳангоми мурдаи тозаеро овардан ҳамроҳи қабрканҳо гӯр меканд. Дарбони оромгоҳ гоҳ-гоҳ ба ӯ нони хушку хӯрок медод, мардум ҳам барояш хӯрока меоварданд. Ӯ ба бомжҳои бесоҳиби дигар монандӣ надошт.

Чашмонаш беозору соф менамуданд. Азбаски гап зада наметавонист, чӣ хостанашро атрофиён бо ишора мефаҳмиданд. Ин оворагарди гунг ба деҳа аз куҷо омадааст, касе намедонист. Дар деҳа касе ӯро озор намедод, чунки ҳамеша гирду атрофи қабристону қабрҳоро тоза карда меистод.

Ба дарахтони рӯйи қабрҳо об медод, ҷасадҳои нав гӯронидашударо медиду дидагонашро ашк пахш мекард. Хусусан тоқати дидани марги ҷавононро надошт. Гарчанде ин оворагард забони гӯё надошта бошад ҳам, ақли расову андешаҳои солим дошт. Рӯзе сабаби ба қабристон омадану маскан гирифтанашро бо имову ишора ба дарбон чунин нақл кард...

Ҷамшед дар оилаи камбизоату серфарзанде модарзод гунг тавлид ёфта буд. Аз соате, ки худро ҳамчун инсон шинохт, хӯроки дурусту либоси дурустро надида буд. Хонаводаи онҳо хеле нодор буд, Ҷамшед, ки ҳатто забони гӯё надошт, доимо бе садо гиря карда, бо ҳамин роҳ дилашро холӣ мекард.
Аз хурдӣ дӯхтану таъмири пойафзолро дӯст медошт. Барои ҳамин баъди синни 12-солагиро пур кардан, дар назди мӯзадӯзе шогирд истод.

Азбаски шогирди қобилу шавқманд буд, зуд нозукиҳои касби мӯзадӯзиро ёд гирифт. Аз пушти ин касб рӯзгорашонро таъмин менамуд. Ба меҳнат одат кард буду аз чизе шикоят надошт. Шукр мекард ба ҳамааш. Шояд зиндагиаш ҳамин хел рафтан мегирифт, агар рӯзе зебосанами чашмкабуде вориди дӯкони ӯ намешуд. Духтараки шӯху ҳозирҷавоб баъди пойафзолҳояшро додан, хандида пурсид:
- Э бача, ин қадар чашмони хуморат хушрӯ аст, маро намегирӣ?
- Ҷамшед бо ҳайрат ба чеҳраи гулгуни духтар нигариста, ба ҳаракати лабонаш диққат дод.
- Чӣ гунг шудӣ?
Ҳамин вақт соҳиби дӯконча омаду бо имову ишора бо Ҷамшед гап задан гирифт. Духтарак аз шарм ҳаё суп-сурх шуд. Духтар акнун фаҳмид, ки ҷавонписари зебо гунг асту аз суханони ӯ чизеро нафаҳмидааст.
-Мебахшед,- ӯ ишоракунон баромада рафт.
Дар дили Ҷамшед як эҳсоси номафҳум пайдо шуд. Сабру таҳаммулашро гум кард. Бетоқат шуд то бегоҳӣ. Пойафзолҳои духтарро бо маҳорати том дӯхтаву бо чангкашак тоза кард. Бетоқатона омадани духтаракро интизорӣ мекашид. Бегоҳӣ духтарак барои бурдани пойафзолҳояш наомад. Ҷамшед то як поси шаб дар дӯконча нишаста, чашм ба роҳ шуд. Рӯзи дигар ҳам зебосанами шӯхчашм наомад. Ҷамшед ба туфлиҳои гаронбаҳо менигаристу чашмони кабуди зебодухтарро пеши назар меовард.
Рӯзи саввум духтарак барои пойафзолаш омад. Ҷамшед бо дидани ӯ гул- гул шукуфта, бо имову ишора фаҳмонд, ки беҳад интизор шудааст. Духтарак ба ҷавони зебо менигаристу афсӯс мехӯрд, ки чаро Худованд чунин ҷавони баҳунарро гунг офаридааст.
Ҷамшед аз ӯ ҳаққи корашро нагирифту бо имову ишора фаҳмонд, ки боз биёяд. Духтарак номашро гуфт.
- Номам Таманно. Номи ту чӣ? -ҷавон рафта, шаҳодатномаи таввалудашро оварда, нишон дод.
- Ҳа, Ҷамшедҷон гӯй,- Таманно пас аз се рӯз бо дугонааш ба дӯкон омад. Дугонааш ду пойафзолашро барои таъмир оварда буд. Боз бо Ҷамшед шӯхӣ кардан гирифт. Ҳамин тавр байни Ҷамшеди гунгу Таманнои шӯхтабиат ишқу муҳаббати самимӣ пайдо шуд. Таманно чашмони хумории Ҷамшедро дӯст медошт. Чамшед бо имову ишора қасам мехӯрд, ки то дами марг фақат ӯро дӯст медорад.
Духтар хеле хуб медонист, ки падару модараш ҳеҷ гоҳ ба издивоҷи духтари ягонаашон бо ҷавонписари гунг розӣ намешаванд, вале ишқбозиашро бо ҷавони гунги ошиқ идома медод. Ҳар лаҳза азизи дилашро дидан мехост. Ҷамшед волаву шайдои Таманно гашта буд. Бе ӯ зиндагиаш бемаънӣ менамуд барояш. Рӯзе Таманно бо чашмони сурху варамида омада, бо ишора фаҳмонид, ки дигар онҳо бо ҳам вохӯрда наметавонанд, чунки падараш ӯро ба дигаре ба шавҳар дода истодааст.

                                                                      давом дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД