Зиндаги танҳо бо умед идома меёбад.Ҳар субҳ танҳо ба умеди доштани рӯзи хуш чашм мекушоию ҳар шаб ба умеди фардои нек сар ба болин мениҳӣ. Фақатумед аст, ки моро ба зиндагӣ дилгарм месозад. Ман инро аз таҷрибаи ҳаёти худ мегӯям,-мегӯяд Заҳро, ки нав ба синни 39-солагӣ расида бошад ҳам, як олам набераву абера дорад.
Камбағалӣ орзуҳоямро ҷавонмарг кард, вале
Заҳро дар як оиаи камбағал ба дунё омадааст ва мегӯяд камбағалӣ тамоми орзуву ҳавасҳои дилашро ҷавонмарг гардонд. “Бисёр мехостам хонда соҳиби маълумти олӣ ва диаплом гардаму нонамро бо меҳнати худам ёфта хӯрам, вале аз сабаби камбағалӣ ҳатто мактаби миёнаро ба охир расонида натавонистам. Пас аз хатми синфи ҳафтум “шароит надорем” гӯён, волидонам маро аз мактаб гиирфтанд Акнун мани 15-сола дар хона ба нигоҳубини хоҳару бародаронам машғул будаму падару модарам ба корҳои саҳро, аммо зиндагиамон ҳеҷ беҳ намешуд, ки намешуд...
Некии амак
Бо ҳамин минвол соле аз байн гузашт ва амакам , ки калони авлодамон маҳсуб меёфт, барои сабук кардани бори зиндагии падарам маро келин кард. Шавҳарам бачаи хубу бафаҳм ва нисбат ба ман бисёр меҳрубон буд, муносибати хусуру хушдоманам ҳам хеле олӣ буда, маро мисли фарзанди худашон дӯст медоштанд. Аз он ки ба амакам келин шудам, хеле хурсанд будам ва фикр мекардам, ки торикиҳои ҳаёти ман ба поён расида, аз ин пас танҳо ҳаёти пур аз нуру сафо ва бахту саодат насибам мегардад, вале баъзан қисмат чунон туро ба бозӣ мегирад ки торикии ҳаётат торикии беинтиҳо мегардад.
Доғи ҷигарсӯзи талоқ
Зиндагиам дар хонаи амак саршори шодию фараҳ бошад ҳам, худванд ба м фарзанд ато накард. Шавҳарам аввалҳо маро тасаллӣ медод, ки зиқ нашавам, худ хоҳад, ягон рӯз нахли умрамон бор оварда, бачадор мешавем, вале аз байн се сол гузашту ҳомиладор нашудам. Косаи сабри шавҳари меҳрубонам дар ин се сол аз ғами бефарзандӣ лабрез гашт ё вооидонаш пинҳонӣ аз ман ба ӯ чунин маслиҳат доданд, ки як шоми наҳс талқи маро дода, ба хонаи падарам оварда монд...
Бахти дуюм
Азбаски падарам, ки шароити хуби зиндаги надошт, маро бо қошу қавоқи овезон пешвз гирифт ва дар муддати кӯтоҳ аз кадом як деҳаи дурдаст як домди дигаррро ёфта дубора ба шавҳар дод. Рӯзе, ки маро ба хонаи навибахтам бурданд, ҳаросон ба ҷойи наву макони нав нигариста дар дил худоро зорӣ мекардам, ки илоҳо шавҳари навам ва пайвандонаш одамони хуб бошанд.
Хонаи баландошёна, дару дарвозаи бадвоҳима, барои пешвоз як авлод берун баромада буданду яке бо лаби хандон ва дигарӣ бо қошу қавоқи овезон ба ман менигарист, аммо даст пеши бар гирифта, маро ба хона дароварданд.
Дар дилу дар мағзам саволҳои зиёде хона карда буданд, ки азобам медод. Аз зери чашм ба аҳли хонавода менигаристаму ба худ мегуфтам, ки кадом яке аз инҳо шавҳарам бошад.
Ҳамин тавр аз бавйн хеле вақт гузашт ва зани миёнасоле “шарм надоред, гиред, хӯред” гӯён, маро ба дастархони пур аз нозу неъмат муроот намуда, ба сухан оғоз кард:
-Мо шуморо барои хусурам арӯс гирефтем.Дар ин хона чор келин зиндагӣ мекунем. Хусурам одами хуб, молу сарвати зиёде доранд.Чанд мағоза дар чанд гӯшаи шаҳр, ду ҷо хона, вале сарвати асосиашон фарзанданашон ҳастанд, ки ҳамагӣ соҳиби оилаву хонаву дари ободанд, ба ҷуз як духтарашон, ки ҳануз хонадор нашудааст. Хусурам чор писару ду духтар доранд. Синну солашон калон бошад ҳам, ба назар ёш метобанд...
Ниҳоят ҷуръат карда пурсидам:
-Чанд солаанд?
-Шасту се сола!
Ман бо шунидани ин суханҳо дарун ба дарун оташ гирифтам ва тамоми вуҷудам ба сӯзиш даромад, вале тақдирро дигар тадбир карда намешуд...
Зиндагии нави ман ҳамин гуна оғоз ёфт. Пир бошад ҳам, ману шавҳарам муносибати хуб доштем. Шин гӯяд мешиштаму хез гӯяд, парида мехестам, аз қафоям биё гӯяд, медавидам, ки мабодо дер нарасам, вале бо фарзандонаш чандон робитаи хуб надоштем. Ростӣ бачаҳои шавҳарам маро хуб қабул карданд, аммо духтаронаш мудом рашк бурда, бо ҳар баҳона ҷангу ҷанҷол мебардоштанд ва рӯзамро сиёҳ мекарданд. Мани ҳанӯз модар нашуда, якбора соҳиби 6 фарзанд ва 4 келину чанд набера гашта, сари калобаамро гум карда будам. Магар мдар нашуда якбора бибии чанд набера шудан осон аст?!
Шавҳарам маро дилбардорӣ карда мегуфт, ки агар Худо ба ту як фарзанд диҳад, бароят хонаи алоҳида гирифта, зиндагиатро аз келину набераҳоям ҷудо мекунам, аммо ҳафт сол бо ин марди сарватманд дар як болин сар монда, ду бор ҳомила шуда бошам ҳам, кӯдаконам дар батнам мурданд. Ҳафт сол шояд ба назари баъзеҳо чандон муддати тӯлонӣ натобад, вале барои ман ин ҳафт сол ба ҳафтод сол баробар буд, зеро қариб ҳар рӯз фарзандони шавҳарам бо ягон баҳона бо ман ҷангу ҷанҷол бардошта, диламро сиёҳмекарданд.
Марги шавҳар ва бозгашт ба хонаи падар
Ростӣ, дар хурдӣ орзуи пуллу мол мекардам ва худ ба худ мегуфтам, ки бо пул мешавадтамоми дунёро харид, аммо ҳафт сол дар даруни пулу мол зиста, рӯзи хуш ва рӯйи хушбахтиро надидам. Билохира,шавҳарам аз сактаи қалб аз ҷаҳон гузашт ва фарзандонаш маро аз ҷое,ки оварда буданд, дубора бозпас бурдандам. Ман ба он хона дасти холи омада будам ва ҳамчунон бо дасти холӣ бурдандам
Модарам аз шикасти зиндагии ман, аз бахти сиёҳи ман ранҷ кашида, мисли ҳезуми тар дарун ба дарун месӯхт ва оқибат ба беморӣ печида, аз дунё гузашт. Падарам бошад, танҳо як фикр дошт, чи тавр ягон марди дигарро ёфта,ҷонашро азман халс кунад...
Ишқи мӯйсафеди 80-сола
Як рӯз падарам “ягон лиос дуруст пӯш, имрӯз туро ба шаҳр бурда ба шавҳар медиҳам” гӯён, маро ҳамроҳаш ба шаҳр бурд. Хешованди домод моро бо чеҳраи кушода пешвоз гирифта ба хона дароварданд ва сари дастурхон шинонданд. Домулло, ки аллакай ҳозир будааст, пурсид, ки агар рози бошам, никоҳро сар кунад, вале ман бори аввкал ҷуръат карда, дар назди падарам садо баланд кардаму гуфтам:
-Ман рози нестам, то домодро набинам, никоҳ намекунам!
Пас аз чанд дақиқа дар кушода шуд ва муйсафеди пире дохили хона шуда гуфт:
-Ассалом! Ҳамон шоҳдомод, ҳамон йигити зангир ман ҳастам! Арӯсхонум, ман 80- сола, соҳиби 10 фарзанд ва 40 набераву 16 абера, бар замми ин, бо писари хурдиям зиндагӣ мекунам. Пас аз фавти ҳамсарам ҳама аз пойи зиндагии худашон шуданду ба ман як ҳамроз золим шуд. Туро барои бо ман будан маҷбӯр намекунам, чунки фарқияти синну соламон бениҳоя зиёд аст. Хуб фикр кун, ки баъди никоҳ пушаймон нашави...
Домоди 80- сола ба дилам нишаст, зеро мӯйсафед чеҳраи зебои нуронӣ дшт ва гапи ҳақр мегуфт. Тарзи гуфтору муошираташ ба ман маъқул шуд ва ба ин васлат розигӣ додам.
Ҳамин тавр дар синни 39-солагӣ ба марди 80-сола ба шавҳар баромада, бахти худро ёфтам ва бахти ҳаштодсола хушбахтам кард. Инак, соли чорум аст, ки ман бо шоҳдомоди ҳаётам зиндагӣ мекунам ва Худованд ба мо духтарчаи зеберо насиб гардонидааст. Зиндагӣ бо умед мегузарад, аз ҳаимн хотир номи духтарчаамро Умеда гузоштам Умеда ёздаҳум фарзанди мӯйсафед буда, барои ҳама азиз аст. Умедворам, ки Умедаҷонам ба мисли апаву акаҳояш дар зиндагӣ роҳи дурустро меёбад ва муваффақ мешавад.
Сабр талх аст, аммо меваи он ширин. Бибии 39- сола Заҳро бо сабр ба хушбахтӣ расидааст. Пас ба зиндагӣ ҳамеша бояд бо чашми умед нигарист...