Салом! Ман, як зани аз зиндагӣ наосуда ва бебахти тоҷик мехоҳам сарнавиштамро нақл кунам, то ки ба дигар духтарон дарси ибрат шавад ва хатои маро такрор накунанд.
Ман табиатан одами дилсӯз ҳастам ва ҳамин дилсӯзиам ба сарам бало овард. Дар вақташ як духтари барф барин сафеди зебо ва хушқаду қомат будаму талабгорони зиёде доштам, аммо дилам ба ҳоли бачаи ҳамсояамон, ки нобино буд, сӯхту риштаи тақдирамробо ӯ пайвастам. Падару модарам ба издивоҷи мо розӣ набуданд, аммо мани содадил “як ҷавонмарди мазлумро нигоҳубин кунӣ, савобаш мерасад” гӯён, зани он нобино шуда, ҳаётамро бо дасти худам сӯхтам.
Шавҳарам ба ҷойи он ки худоро сад шукр гӯяд, ҳамеша маро азобу шиканҷа дода, суханони нешдор мезад, вале “бемор аст “ гуфта, ба ҳамааш тоқат мекардам.
Ҳамин тавр мо соҳиби ду фарзанд шудем. Шабу рўз меҳнат карда, кӯдаконамро худам мехӯрондаму мепӯшондам ва аробаи зиндагиро ба танҳоӣ мекашидам. Шавҳари ношукрам “эй, дар ин Тоҷикистон нафақаи кам медиҳанд, ман ба Русия рафта дар он ҷо даҳ баробар зиёд нафақа мегирам” гӯён, бо кӯмаки хешу табор ва бародаронаш ба Русия рафта, бо ҳамин моро фаромӯш кард. Чанд сол аст, ки на занг мезанад, на фарзандоенашро суроғ мекунад.
Аслан аз будану набудани ӯ ба ману кӯдаконам суде намерасад, вале аламам мекунад, ки ман, як зани солим ба хотири савоб ҳамсари марди нобино шудам, вале ӯ ба қадрам нарасида, таркам карду рафт. Ба духтарон гуфтаниям, ки қадру қиммати худро бидонед ва ҳар як қадаматонро дар зиндагӣ санҷида гузоред, зеро пушаймонӣ суде надорад.
Маҳтоб аз шаҳри Ҳисор