(Идомааш)
Маҳлиё дигар чизе нагуфту рӯи кундаи буридаи чинори назди ҳавлияшон нишаста пай дар ҳам ба Набӣ занг зад, занг мерафту гӯширо касе намебардошт. Духтар девонавор занг мезаду занг мезад, шояд пас аз садумин бор занг задан буд, ки зане гӯширо бардошт.
Набиро ҷеғ занед, бо овози канда илтиҷо кард Маҳлиё, Набӣ барои овардани арӯсаш рафтааст, гуфт соҳиби овоз ва телефонро кушт. Духтар акнун дарк кард, ки ҳамкорони Набӣ шухӣ намкунанду дӯстдоштааш дар ҳақиқт ҳам ӯро фиребидааст. Чашмони зебои Маҳлиё танҳо ба як нуқта менигаристанду худаш сарду карахт чи кор карданашро намедонист, гоҳ пеши назараш симои хашмолуди модари дӯстдоштааш падид меомаду гоҳи дигар чеҳраи ғамгину зебои Набии азизаш…
Шикасти ирода
Маҳлиё чандин соат беҳаракат рӯи кундаи чанор нишаст, хайрият хохаронаш дар дарс ва волидонаш дар кор буданду касе авҳоли зорашро намедид. Сараш мисли хонаи занбур пурғавғо буду саволҳои зиёде дар он чарх зада девонааш мекарданд, наход Набӣ ба ӯ хиёнат карда бошад? Акнун назди волидону пайвандонаш чи ҷавоб мегуфта бошад? Мардум, ҷавонони хушдораш дар хаққаш чӣ мегӯянд?Пас аз чанде гӯё ба худ омада аз ҷояш хеста ба дорухонаи наздиктарин рафта сад дона ҳабби «демедрол» харида ба хона омада як қисми онҳоро бо об фурӯ бурд… ҳамин лаҳзаҳо Набии ба панҷаи сехру ҷоду дармонда бо арӯсаш зери садои ёр-ёр вориди тарабхона мешуд. Чун онҳо сари тахт нишастанд янгааш телефонашро оварда ба дасташ дод, чунки бояд рафиқонаш аз Руссия занг мезаданд. Набӣ ба телефонаш чашм давонда рақамҳои барояш азизро диду гӯё нав аз хоби гарон бедор шуда бошад, ба арӯси паҳлӯяш нигариста ҷонҳавл ба Маҳлиё занг зад. Аз он тараф овози хиррии дӯстдошаашро шунид, ки мегуфт номард, ман мемирам, ту хушбахт бош… Набӣ арӯсро сари тахт танҳо партофта ба мошини як рафиқаш нишаста ба хонаи волидони Маҳлиё омада ӯро танҳою ҳақир бо лабу даҳони аз таъсири дору каҷшудаю сарду карахт ёфта ҳуш аз сараш парид. Онҳо ҳамроҳи рафиқаш Маҳлиёро ба беморхона бурданду Набӣ рафиқашро ҷавоб дода худаш ба хонаи бародараш даромад. Ҷавон даруни ҳезумхонаи бародараш даромада рӯзҳои бо Маҳлиё буданашро ба хотир оварда аз дил гузаронид, ки Маҳлиё мемирад, ҳолате ӯ дошт алаккай мурда буд…. Набӣ дар як тарафи ҳезумхона банди дарозеро гирифта барои худ дор тайёр намуд ва пас аз чанд дақиқаи дигар ҷисми ҷавони соҳибмаълумоти паҳлавон дар болори ҳезумхона алвонҷ мехӯрд…
Арӯси бедомод
Мардуми ба тӯй омада арӯси бедомодро сари тахт дида, байни худ пичир-пичир кунон ҳар гуна суханҳо мегуфтанд. Гулбибӣ ҳодисаи рӯйдодаро аз забони рафиқи писари навдомодаш шунида бонг зад:- Илоҳи сиёҳпичамарг шавад, вай почакандаи бекафани қогазхӯр, кори кардагияшро дар ҳамин рӯзи хурсани кард? Хоҳар-қудояш апааашро ором карда духтарашро пас аз гузаронидани як соати тӯй ба хонаи «бахт»-аш гусел карданро талаб намуд. Домодро дарди курруда гирифтааст гӯён меҳмонон давоми тӯйро бедомоду арӯс сард гузарониданд, мардуми ноогоҳ менушиданду рақсу бозӣ мекарданд, бехабар аз он, ки домод алаккай ба олами мурдагон пайвастааст. Арӯс зор-зор мегирист, ки назди дӯсту душман шармандааш карданд, аҳли байти домод бошанд ба беморхона ба ҷустуҷӯи Набӣ рафтанд. Назди бинои беморхона хешу табори Маҳлиё ҳамсабақону устодон ва шогирдонаш бо чеҳраи маҳзун менишастанду Набӣ наметофт, чун Гулбибӣ Набиро пурсид, модари духтар, ки акнун аз қазия огаҳ буд аз гиребони ӯ гирифта гуфт:- садқаи номи модар шавӣ, илоҳӣ оҳи дили духтараки фиребхӯрдаам туро бигирад, писаратро аз зери чодари келинат ҷуй на аз ҷанозаи духтари ман!!! Мардум ба зур гиребони Гулбибиро аз дасти модари Маҳлиё халос карданду ӯ зуб ба мошин нишаста ба кофтукоби писараш саркард.
Ишқи хунрез
Он рӯз духтурон қариб шаш соат бо марг талош карда ҷони Маҳлиёро аз панҷаи шахшули аҷал бо қудрати Худованди ломакон халос карданд. Хурду калон нафаси сабук кашида аз пайи кори худ шуданд, танҳо модари зор назди духтараш даромада дастони ӯро ба дида молида мегирист. Ин вақт аз гӯшаи дигари шаҳр садои ҷигарсӯзи модари бераҳме, ки сабабгори марги фарзанди хеш гашта буд, синаи фалакҳоро медарид:- Сарам дар хок, бачаме, домоди нокоми очае, ҳой мардум, маро ҳам кушед то паҳлуи Набии нозанинам ба хок равам, охир писарамро худам ҷоду кардам, худам!!! Зебои наварӯс либосҳои арӯсияшро бо либосҳои мотамӣ иваз карда сари тобути писархолаи паҳлавонаш ашк мерехт ва худашро мазаммат мекард, ки чаро боре аз Набӣ напурсид, ки ба ин издивоҷ розӣ ҳастӣ ё не? Инак чор моҳ мешавад, ки ҷавони паҳлавони аз сад гулаш як гул нашукуфта зери хоки сиях хоб асту Маҳлиё бошад бар асари заҳролуд шудан кару гунг гаштааст. Танҳо нофаҳмӣ ва ҷоҳилии модар сабабгори ин фоҷиаи хунин гаштааст, агар Гулбибӣ ба ҳарфи дили писараш гуш мекард, агар Зебо боре бо писархолааш дар хусуси тӯйи дар пеш истодаашон сӯҳбат мекард, агар Маҳлиё бо вуҷуди доноию порсоӣ сади оҳанини иродаашро намешикаст, агар аҳли ҷомеа бетарафи зоҳир намекарданд…. Шояд ин ҳодисаи ғамовари хунин рӯй намедод?
Анҷом!
Дилошуб