arzon replenishment
Ишқи хунрез (қисми 2)
3448

 

(Идомааш)
Оҳиста –оҳиста духтар низ ба ҷон ошиқи ҷавон гашту ҳатто хушдор доштанашро ба волидонаш низ гуфт, падари Маҳлиё, ки духтарашро бисёр дӯст медошт Набиро ба хонаашон ҷеғ зада бо ӯ шинос шуд. Акнун аҳли оила ва баъзе хушу табор низ медонистанд, ки Маҳлиё номазад дорад, вале чунлне, ки мегӯянд: «ҳар чӣ дилат хост на он мешавад- ҳар чи Худо хост ҳамон мешавад»!

                              Исёни модар

Набӣ медонист, ки модараш барои ӯ духтархолааш Зеборо таги чашм карда мондааст, барои ҳамин ҳам метарсид аз ишқаш ба модар даҳон кушояд. Вале як бегоҳ модараш ӯро наздаш ҷеғ зада гуфт, ки фардо ба хонаи холаат ба хостгорӣ меравем. Очаҷон, Зеборо ман чун хоҳар дӯст медорам ва ҳаргиз розӣ нестам, ки шумо ба хостгорӣ равед. Баъд ман дӯстдошта дораму ғайри вай каси дигарро ба занӣ намегирам. Саркашии писари  гапдарояш модарро асабӣ карда бошад ҳам, ором аз ӯ кӣ будани дӯстдоштаашро пурсид. Набӣ ки будани Маҳлиё ва падару модари ӯро ба модараш гуфта, суроғаи онҳоро низ дод. Рӯзи дигар саҳарии барвақт Гулбибӣ таксие киро карда пинҳонӣ аз ҳама ба он тарафи шаҳр ба хонаи волидони Маҳлиё рафт. Хушбахтона Маҳлиёву модари Набӣ дар кӯча рӯ ба рӯ заданд, Гулбибӣ аз духтар пурсид:- Духтарҷон хонаи Маҳлиё гуфтанӣ духтарро ба ман нишон намедиҳӣ, падараш Акрам ва модараш Сайбӣ ном доранд. Маҳлиё ҳайрон шуд, ки дар ин субҳи содиқ ба ин зан ӯ чӣ даркор шуда бошад? Холаҷон Маҳлиёи мегуфтаатон ман, тинҷӣ буд? Гулбибӣ бо кунҷкоби андоми зебо ва чеҳраи чун гул шукуфтаи Маҳлиёро аз назар гузаронида гуфт:- Ман модари Набӣ, ба ту як таъкид дорам, думи писари маро сар деҳ, ман ҳеҷ гоҳ туро келин намекунам, чунки алаккай духтари хоҳарамро ба писарам фотеҳа кардам. Ту тирмизак шарм намедорӣ, ки бо ҳамон падари мардикору модари фаррош ва ин хонаҳои нимвайронаатон писари маро ба дом кашидаӣ? Мисли худат ягон почакандаро ёб майлаш?! Суханҳои дигари модари Набӣ ба гӯши Маҳлиё намедароманд, зеро аз шунидани ин таҳқирҳо гӯшҳояш қуфл зада буданд…

                             Заҳри сухан

 То Маҳлиё ба худ омад, ки Гулбибӣ алакай набуд, хайрият дар кӯча ғайри ӯ ва кӯдакони ба мактаб мерафта каси дигар набуд, вагарна духтари бечора номбад мешуд. Сари Маҳлиё чарх заду дилаш сип-сиёҳ шуд ва ҳолам бад аст гӯён аз роҳаш баргашта ба хонаашон даромада хобу истироҳатро баҳона карда то холӣ шудани дилаш гирист. Телефонашро хомӯш карда буд,  модари зораш дар таб сухтани духтари қобилашро дида, барояш биринҷоба пухта ба наздаш даромад, ки хоҳари хурдияш омадани Набиро хабар дод. Азбаски Набӣ гоҳ-гоҳ ба хонаашон меомад касе монеъи даромаданаш ба назди Маҳлиё нашуд ва ҷавон авҳоли зори духтарро дида гамхорона ҳолпурсӣ кард. Набӣ чаро ту дар фотеҳа карор дорию боз маро фиреб мекунӣ? Хастаю ҳазин суол дод Маҳлиё. –А- модарам омада буд? Ба саволи духтар бо савол ҷавоб дода гуфт Набӣ ва афзуд: Маҳлиёҷон ман дар фотеҳаи ҳеҷ кас қарор надорам ва агар сарамро аз тан ҷудо кунанд ҳам туро намепартоям аз ҷоят хезу дигар ҳеҷ гоҳ ба гапҳои беҳуда худатро зиқ накун! Маҳлиё каме ба худ омада Набиро гусел кард ва боз сар ба болин монд. Дилаш каме равшан шуд, зеро азизи дилаш бовариро дар дилаки заҳри сухан дидааш ҷо намуд.

                               Ҷодугар

Набӣ ба хонаашон рафта ҳама кирдори модарашро ба падараш нақл намуда бо модараш моҷаро бардошт, Гулбибӣ писрашро дуои бад карда худашро ба беморӣ андохт, вале Набиро «бемори»-и модар низ аз роҳаш нагардонду ӯ ба хонаи акаи калонияш рафта як ҳафта ба хона наомад. Ҷавон ҳар рӯз ба Маҳлиё вохӯрда ӯро ба сабру тоқат мехонд ва мегуфт, ки агар модараш нахоҳад ҳам онҳо хонадор хоҳанд шуд. Маҳлиёи дурандеш бошад Набиро насиҳат мекард, ки коре карда ризоияти модарашро ба даст биёрад, зеро бе дуои модар онҳо хушбахт нахоҳанд шуд. Волидони Маҳлиё бехабар аз ин моҷаро хостгорони Набиро интизор буданд. Гулбибиро рафтори писар ба ташвиш андохту нақшаи дигар кашид. Зан мехост бо сеҳру ҷоду дили писарашро аз Маҳлиё хунук карда ба мақсади хеш расад, аз ин рӯ раҳ пеш гирифт ба пеши сеҳргари номӣ Мулло Давлати ҷодугар. Гулбибӣ чор соат навбат поида ба қабули мулло даромад ва тамоми дарди дилашро ба мулло иброз дошт. Апа шумо як метр сони сафед, як косаи нав, устухони шонаи гусфанд ва дусад доллар биёред мушкилатонро ҳал мекунам-бо бепарвоӣ гуфт мулло. Рӯзи дигар зан тамоми гуфтаҳои муллои ҷодугарро гирифта овард ва ба ҷойи дусад доллар сесад доллари шараққосиро ба пеши ӯ гузошт. Чашмони тангу чуқури мулло, ки ба чашмони каргас монанд буданд аз дидани долларҳои сабзи ҷилодор барқ заданду дар ду соат рӯи сони сафед чизе навишта дар шонаи гусфанду коса дуоҳои давомдоре хонда ба дасти Гулбибӣ дода гуфт: Сони сафед ва шонаи гусфандро дар қабри кӯҳнае партофта косаро шикаста ба об парто- ду рӯз пас дили писаратон аз ошиқаш хунук шуда мисли гусфанди гарданбаста ҳама гапи гуфтаатонро иҷро мекунад. шумо тахир накарда тез тӯйро гузаронед. Гулбибӣ худи ҳамон рӯз фармудаҳои муллои ҷодугарро иҷро карда мунтазири натиҷааш шуд.

                                 Дар панҷаи сеҳр

Се рӯз баъди ин воқеа Набӣ ба хонаашон баргашта аз модар узр пурсид, рангу рӯи кандаи писарро дида модар гӯё чизе нашуда бошад бо меҳруонӣ ҳол пурсид. Немедонам, очаҷон шонаҳоям месузанду ҳамин кадар об менушам ташнагиям намешикандад, китф дар хам кашида ҷавоб дод ҷавони ҷодушуда. Набӣ хоболуд шуда буду базур кор рафта меомад, Маҳлиё дар назараш мисли хук метофту аз ӯ дурӣ меҷуст. Аз ин истифода карда Гулбибӣ дар тараддуи тӯй шуд, Набӣ чизе намегуфт факат бегонавор ба даводави модару янгаҳояш менигарист. Дар муддати як ҳафта апаю хоҳари акнун қудо саросемавор тамоми корҳои пеш аз тӯйиро ба ҷо оварда рӯзи тӯйро аниқ карданд.  Маҳлиё бедерак шудани Набиродар серкорияш дида чанд рӯз ба ӯ занг назад, вале дилаш буғз карда сиёҳи оварду хохарашро ба ҷойи кори маҳбубаш равон кард. Зуҳро аз он тараф бо таъби гирифта баргаштагуфт:- Апа ҳамкоронаш мегӯянд, ки Набӣ имшаб дар тарабхонаи «Наргис» тӯй дораду аз ин рӯ як моҳа рухсатии меҳнатӣ гирифтааст… 

(Идомаашро фардо соати 22-00 интизор бошед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД