Arzon march 2024
ИШҚИ ХУНИНИ ДУХТАРИ ПАРИВАРА
08.09.2020
ДИЛОШӮБ
5142

 

                              Дурдонаи куҳистон

Дар куҳистони дури Вахё, дар миёни куҳҳои сар ба афлок кашида, дар оилаи марди батақвою сарватманд Сангаки Хабир се нозаниндухтар ба воя мерасиданд-Раъно, Зебо ва Парӣ. Хоҳарон яке аз дигаре зеботар буданду харидоронашон аз мӯйи сарашон зиёд, вале Сангаки Хабир духтари калониашро ба ятими дари хонааш, дуввумиро ба як хешаш ва Парии нозанинро ба ҷавоне аз деҳаи ҳамсоя ба шавҳар дод. Парӣ дар ҳусну малоҳат дар гирду атроф ҳамто надошту аз панҷ панҷааш ҳунар мерехт, аз ин рӯ дар як муддати кӯтоҳ дар байни хешу табори шавҳар соҳиби иззату икром гашт. Хусураш ду зан ва фарзандони зиёде дошт ва онҳо ҳама дар як ҳавлии калону барҳаво дӯстона ҳаёт ба сар мебурданд. Ҳар субҳ Парӣ куртаи чаканашро ба бар намуда, зираи нуқрагинашро ба гардан овехта, гӯшвораҳо дар гӯшу рӯймоли сафеди арӯсӣ дар сар ба рӯи ҳавлӣ мебаромаду тамоми бачаҳои деҳа ба сари бому бомгӯшаҳо мебаромаданд, то ин фариштаи заминиро тамошо кунанд. Қаду қомати расою мӯйи бо лаби доманаш баробар ва пӯсти сафеди абрешимию рухсораҳои гулобиранги арӯс бо куртаю рӯймоли сараш ба қавле ҷанг карда, абрӯвони сиёҳи камоншаклаш дили ҳар бинандаро бо як нигоҳ шикор мекарданд. Шавҳараш Камол он қадар шефтаи ҷамоли бемисоли Парии нозанин буд, ки дар назди худиву бегона бо ифтихор дар бораи арӯси нозанинаш гап мезад. Ҷавонмард фахр мекард, ки Парии серхаридор, дурдонаи куҳистони Вахёро Худованд маҳз насиби вай гардонидааст… 

Нозанини ҳунарманд

Парӣ арӯсаки шашмоҳа буд, ки ба куҳистон баҳор омаду мардум дар пояи куҳдомани сабзе хайма зада, омад-омади арӯси солро ҷашн гирифтанд. Ин айём барои наварӯсон ва духтарони хона як саҳнаи намоиши истеъдод буда, яке оши бурида мепухту дуввумӣ кашк, саввумӣ нонҳои гуногунро рӯйи дастурхони идона мегузошт. Занҳои солортар суманак мепухтанд. Мардон махсус барои ҳамин ҷашн дар куҳдоманҳо танӯр мечаспонданд. Парӣ ҳамроҳи авсунҳояш, ки ду нафар буданд, нони чаппотӣ ва оши бурида пухтанд. Арӯсак зуволаи оши буридаашро чунон тунук кард, ки мардум ба ҳайрат омаданд. Арӯсак бо ошбури махсуси куҳистонӣ зуволаро чун мӯй борик бурида моҳирона даста кард. Торҳои хамири бурида, ки бо қади бурандааш баробар ва ба калобаи ришта монанд буданд, дар дасти Парӣ чунон печутоб мехӯрданд, ки марду зан ҳамаро як сӯ монда ба тамошои ошбурии арӯси ҳунарманд омаданд. Пас аз ба дег андохтани оши бурида, Парӣ чанд зуволаи махсусеро, ки худаш аз хамири чаппотӣ канда буд, ба дегдон часпонд. Чаппотиҳои чун коғаз сафедаш низ аз нони пухтаи дигар занҳо фарқ доштанд ва бисёр кадбонуи моҳир будани соҳибашонро исбот мекарданд. Номи Парӣ он рӯз вирди забони хурду калон буд, яке мегуфт, ки дар чаппотиҳои пухтааш як ҷавонмардро печонида мешавад, дигарӣ тавсифи оши буридаашро мекард. Аҳли хонадон бо келини ҳунармандашон ифтихор доштанд. Дар базмгоҳ танҳо ду нафар аз ин ҳама комёбиҳои Парӣ норозӣ буданд ва дар гӯшае нишаста аз рашк чун мӯйи дар оташ афтида ба худ мепечиданд…

Рашки авсунҳо

Ширин ба Гулмо гуфт:

-Медонад, ки хушрӯй аст, ноз мекунад! Магар кори ҳамин рӯз кардааш кор буд? Шарм надошта пеши назари ҳама оши буридаро даста карда, чаппотӣ пухт, то ҳунармандиашро нишон диҳад! Магар мо наметавонем? Айби шавҳари латтааш, бо садои пояш лаббай, ки мегӯяд, назараш одамро намегирад…

-Бод хӯрад силсилаю шилшилаҳояшро, чунон нозу ишва мекунад, ки гӯё духтари амири Бухоро бошад,-лабонашро инҷ карда гуфт дар тақвияти суханҳои авсунаш Гулмоҳ.

Дар асл Парӣ бисёр духтари фурӯтану хоксор буд ва ҳеҷ гоҳ аз зебоияш ифтихор намекард, он рӯз ҳам танҳо ба хотири обрӯи оилаи шавҳараш ҳунарашро нишон дод. Занҳои дигар ин корро карданд, масалан кашки пухтаи келини мӯйсафеди Нозимро низ мардум таъриф намуданд, аммо авсунҳо инро намефаҳмиданд, аниқтараш аз рашк фаҳмидан намехостанд.

Чоҳи одамхӯр

Мардуми куҳистон дар ҳавлиҳояшон чоҳҳои калон кофта дар даруни он сабзию лаблабу ва картошкаю пиёзашонро аз ин баҳор то баҳори дигар нигоҳ медоранд. Занҳо ҳангоми хӯрокпазӣ дари болои чоҳро барои рӯшноӣ калон кушода, баъд бо зинапоя вориди чоҳ мешаванд ва аз он ҷо маҳсулоти хӯрокворӣ мегиранд. Азбаски баҳор фаро расида, маҳсулот қариб адо шуда буд, чоҳи кофтаи ҳеварони Парӣ хеле чуқур рафта буд ва барои аз торикӣ натарсидани занҳо бештар мардро вориди чоҳ мегаштанд. Як рӯз дар хона касе аз мардон набуд ва Парӣ ночор монда худаш ба чоҳ даромада, хост маҳсулоти хӯрокворӣ барорад. Гулмою Ширин, ки кайҳо боз чунин фурсати муносибро интизор буданд, баъди ба чоҳ даромадани арӯсак дари чоҳро маҳкам карданд. Парӣ дар чоҳи торик ба ваҳшат афтода фарёд бардошт, аммо касе овозашро намешунид…

Вафодор

Рӯзҳои аввали ба ин хонадон келин шуда омадани Парӣ ҳамсараш ба ӯ сагчаи хурдакаки сап-сафедеро туҳфа карда буд. Парӣ сагчаро Барфак номида, мудом навозиш мекарду хӯрок медод. Ҷонвари вафодор мудом мисли соя аз паси арӯсак мегашт. Ҳамон рӯзи шум Барфак аз куҷое пайдо шуд ва садои соҳибашро аз даруни чоҳ шунида аккосзанон ба нолаю фиғон даромад. Сагча гирд-гирди дари бастаи чоҳ мегашту нула мекашид, ӯро на ронданҳои Ширин аз сари чоҳ дур карда метавонисту на сари соҳибатро хурӣ гуфтанҳои Гулмоҳ. Ҳамин вақт шавҳари Гулмоҳ аз куҷое пайдо шуд ва дари чоҳро кушода зани додарашро баровард…

Парӣ хуб медонист, ки ин корро кӣ кардааст, аммо лаб ба шикоят во накард, авсунҳои макорааш бошанд, «кадом кӯдаки аҳмақ дари чоҳро пӯшондааст» гуфта худро сафед карданд, ҳол он ки зӯри ягон кӯдак ба бардоштани сарпӯши чӯбини чоҳ намерасид. Парӣ гумон мекард, ки ин хубияш ба авсунҳояш дарс мешавад, вале….

Заҳри ҳалоҳил

Аз ин воқеа соле сипарӣ гашту Парӣ духтараки зебое ба дунё овард. Меҳри шавҳараш баъди фарзанддор шудан ба ӯ дучанд гашт. Боре Гулмо бо шавҳараш ҷанг карда бо ашки шашқатор гуфт, ки додарат занашро болои сар мебардорад, ту бошӣ, доим маро ҳақорат мекунӣ. Баҳром сари қаҳр ҷавоб дод, ки агар ту ба нохуни пойи Парӣ меарзидӣ, мисли ӯ зебою ҳунарманду порсо мешудӣ, ман ҳам туро тоҷи сар карда мегаштам. Сухани шавҳараш тири сӯзоне буд ба ҷигари Гулмо. Ҳамон шаб вай ба авсунаш рози дил карда хуб гирист, Ширин ҳам дар дил озор доштааст, зеро шавҳари ӯ ҳам мудом Париро барояш мисол меовардааст. Авсунҳо маслиҳат карда ба деҳаи ҳамсоя ба назди кампири Марҷон рафтанд ва хоҳиш карданд, ки барояшон заҳр тайёр карда диҳад, то гурбаи маскадузди ба ширу қаймоқашон қирон овардаро ба он дунё фиристанд. Кампири аз асли гап бехабар аз гиёҳҳои заҳрогин заҳр тайёр карда ба авсунҳо бар ивази чанд танга фурӯхт ва таъкид кард, ки ба он дасти кӯдакон нарасад. Авсунҳо рӯзи дигар заҳрро ба косаи гардоби Парӣ рехта ба ӯ хӯронданд. Парӣ пас аз хӯрдани ду-се қошуқ дар ботинаш сӯзиши сахтеро эҳсос кард ва бехабар аз макри авсунҳои қотилаш чашми онҳоро хато карда, онро ба косаи Барфак рехт. Пас аз чанде Париро вараҷа гирифт. Келинчак хун қай мекард. Хунаш он қадар рафту рафт, ки то бегоҳ хун дар рӯяш намонд. Лабонашро ба зӯр меҷунбонд. Падарашро аз бемор шудани Парӣ огоҳ намуданд. Сангаки Хабир бо бародаронаш расида омад ва вазъияти духтарашро дида фаҳмид, ки ба ӯ заҳр додаанд. Барфаки дар назди ялоғуи хӯрокхӯрияш мурда хобида низ инро исбот мекард. Сангаки Хабир аз навдаҳои бед чапараке сохт ва бистари духтарашро болои он партофта рӯи ароба гузошта, тифлаки гирёнро ба бағали Камоли ҳайрон партофта гуфт:

-Очаша куштед, инро ҳам кушед!

Парӣ бо ҳасрат ба хонаву дар ва духтараки гирёнаш нигариста чашмонашро пӯшид.

 

Марги зебоӣ

Сангаки Хабир бо чашмони пур аз об Парияшро, ки заҳри ҳалоҳил дилу ҷигарашро резонда буд, ба хонааш даровард. Аз кунҷи лаби арӯсак хун мешорид. Модару хоҳаронаш бо дидани ҷони дар рамақи Парӣ фиғон бардоштанд…

Марги Парӣ деҳаро мотамкада кард, яке менолид, ки Худованд ба одам ҳусн не, бахт диҳад, дигарӣ қотилони Парии зеборо нафрин мекард. Раъною Зебо зор-зор мегиристанду нолаҳои модар синаи куҳро мешикофт, вале Париро бо ин ҳама аз хоби ноз бедор карда намешуд. Парии соҳибҷамоли беозорро рашку ҳасаду бахилӣ ба хоки тира бурд…

 

Аз муаллиф:

Хонандаи азиз, ин қисса ҳақиқати соф буда, дар куҳистони Вахё рӯй додааст. Парӣ, номи ҳақиқии қаҳрамон аст ва он нозанини ҷавонмарг духтарамаки падари ман буд. Ин қиссаи ғамангезро ман аз забони аммаҳоям, ки бо дард ёди духтарамаки нозанинашонро мекарданд шунидаам. Апаи Парӣ Раъно, ки аммаи Раънояш мегуфтем, дар ҳамсоягии мо мезист ва ҳамеша бо ёди хоҳараш чашмони пуроб дошт. Тақдири қотилони Парӣ қиссаи дигар аст, ки шояд ягон рӯз рӯи коғаз биёяд…    

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД