Нигоҳҳои маънидор
Дарсҳо идома доштанду азобҳои ман низ. Муаллими арабиамро чун дӯст қабул карда будам. Қабл аз машғулият ё баъди он 10-15 дақиқа ба ӯ дарди дил мегуфтам. Як рӯз ӯ ба ман хабар расонид, ки ҳамсари Салим гузаштааст.
Се-чор моҳ гузашту боз бо Салим вохӯрдем. Хеле парешон буд ва вақти дарси мо дар мизи дигар нишаста пайваста, сигор мекашид ва чой менӯшид.
-Чаро парешон аст?–мепурсам аз муллим.
-Фарзандони зани дуюмашро зани аввалаш қабул накардааст. Ду кӯдакаш дар дасти доя, азоб дорад, зиндагиаш осуда нест...
Аз нақли муаллим маълум шуд, ки ҳамсари аввали Салим аз камбағалони араб аст ва хеле зани бадфеъл мебошад. Ӯ ҳам ду фарзанд дорад.
-Дар арабҳо ду ё се зан доштан маъмулист, - мегуфт, муаллим.
Як рӯз вақти гусел Салим ба ман гуфт:
-Шумо ба зани вафоткардаи ман сахт монанд ҳастед...
Ман нигоҳи ӯро дида, худамро боз гурезонидам...
Пешниҳоди ногаҳонӣ
Салим ба ҳар баҳона дар рӯзгори ман пайдо мешуд. Маро барои тарҷумонӣ мебурд. Дар дарсҳои мо ширкат мекард...
Як рӯз муаллим ба ман гуфт:
-Марҷона, ту ҳам аз шавҳар баромадаӣ, Салим ҳам оилаашро аз даст дод. Чӣ мешавад, ки Шумо ба ҳам расед.
Ман бо шеваи бисёр дағал ба муаллим посухи рад додам. Вале...
Агар Салим зани дигар намедошт, агар тоҷик мебуд, шояд розӣ мешудам. Охир, ӯ марди хеле меҳрубоне буд.
Як рӯз баъди дарс Салим маро нигоҳ дошт. Муаллим рафт. Ӯ хеле фикр карду бо арабӣ ба ман гуфт:
-Ту ҳам рӯзгори душворро пушти сар кардӣ, ман ҳам. Ба ману ту дигар ҳавову ҳаваси ишқ намезебад. Ба ягона писари ту падар лозим, ба ду писари ман модар. Биё, бо ман издивоҷ кун, модари фарзандонам шав. Ваъда медиҳам, ки то зинда ҳастаму имкони кор дорам, хор шудан намемонам туро.
Ман хеле муаддаб ба Салим ҷавоби рад дода, ба хона омадам... Кош намеомадам...
Ашк дар чашмони Марҷона ҳалқа зад. Дилаш пур буд. Дар ҳавои кушоди ағбаи Анзоб дод гуфта, гиристан мехост, вале...
Хостгори нав
Он рӯз Марҷона ба хона меояд, ки ғайриихтиёр, хабар накарда падару модараш омадаанд. Писарашро ҳам овардаанд. Ӯ Собитҷонашро ба оғӯш гирифта мебӯиду мебӯсид ва мегирист.
-Гиря накун, бачем. Мо ба ту сюрприз карданӣ шудем,-гуфт падар.
Онҳо дурудароз суҳбат карданд. Падару модараш ба ӯ чизе гуфтан мехостанд, вале истиҳола мекарданд.
Соат аз яки шаб гузашту суҳбати онҳо интиҳо надошт.
Ин вақт падар гапро аз ду сар карда, гуфт:
-Бачем, дар зинда буданам бояд туро оиладор кунам. Як бор хонавайрон шудӣ, гапу калоча дар деҳа бисёр шуд. Хостгор омад. Одами нағз. Ҳамдеҳаи худамон. Дар мактаб муллима шуда, кор мекунӣ. Давоми таҳсилатро ғобона мехонӣ... Каримбой одами ганда не, маълумоти олидор, бечора бева монд...
-Кадом Каримбой?–пурсид, дар ҳайрат.
-Муаллим, директори мактаб...
-Ҳамон пирхар,-гапи падарро бурид,-вай шарм намедорад. Духтараш баробари ман. Қариб 50-сола аст. Маро дар мактаб дарс медод.
-Бачем, занаки беваро бевамард мегирад,-гуфт модар.
Марҷона доду фарёд мекарду худро мӯю рӯ меканд. Наход падару модараш ба ӯ чунин корро раво бинанд. Ӯ ин пешниҳоди онҳоро ҳамчун хиёнат қабул кард. Сари ҷаҳл ба хонаи дигар гузашту ба Салими араб занг зад.
-Лаббай,-шунида шуд, аз он тарафи гӯшӣ.
-Ман ба пешниҳоди шумо розӣ. Фақат тезтар никоҳ карда, маро аз ин ҷо баред,-гуфт ба ӯ.
Ишқи араб
Ҳамин тавр, дар байни як ҳафта Салим бо Марҷона никоҳ кардаву оиладор шуданд. Падару модари Марҷона зид буданд. Бародаронаш ҳам. Вале ӯ интихоби худро кард.
Маълум шуд, ки Салим ба ин бонуи тоҷик ошиқ шуда будааст. Нисбати ӯ хеле эҳтиром дошт. Ҳуҷҷатҳояшро тахт карда, Марҷонаро ба Ҷидда бурд. Дар як апартумони калон Марҷона бо илова ба як фарзанди худ ду фарзанди арабро ба писархондӣ пазируфт ва зиндагии ӯ дар ғарибӣ оғоз шуд.
-Ман ҳам шавҳарамро оҳиста-оҳиста дӯст доштам. Зеро ӯ ба ман ҳамаи шароитҳоро муҳайё кардаву эҳтиромам мекард. Мардони араб нисбат ба занҳо хеле эҳтиром доранд. Ҳақорату дашномро ҳеҷ гоҳ раво намебинанд,-мегӯяд Марҷона.
-Фарзанд ҳам дорӣ аз араб?–пурсидам аз Марҷона.
-Бале, як духтар таваллуд кардам...
Фируза редактор тсел, [19.04.2022 15:21]
Дигар Ватан надорам
Марҷона ба хотири он ки шаҳрвандии Арабистонро ба даст оварад, ҳақ надошт, ки 5 сол кишварро тарк кунад. Инак, бори аввал ба Ватан омад.
-Ман баъди 5 сол ба Ватан омадам. Дар деҳа будам. Дирӯз ба Душанбе омадам, имрӯз боз ҷониби деҳа равонам. Ҳафтаи оянда бармегардам.
-Як рӯз ба шаҳри ҷавониҳо омадӣ?–пурсидам аз ӯ.
-Ҳа, боз ҳам гапи хонаи ҷанҷолӣ баромад. Омада, онро ба номи ҷиянам гузаронидам.
-Чаро? Дар Ватан сарпаноҳ надорӣ дигар... –гуфтам.
-Э мон, ман акнун Ватан надорам,-гирист, ӯ. –Ҳар куҷое шавҳару фарзандонам аст, он ҷо Ватанам аст. Ватани зан хонаи шавҳар аст, - гуфт ӯ.
Маълум шуд, ки Марҷона дар Арабистон бекор набудааст. Дар Ҷидда ва Дубай ба тиҷорат машғул аст.
-Ман дар Ҷидда ва Дубай салони ороишӣ дорам. Даромадашон бад нест. Қариб 15 коргар дорам. Бизнеси хурд аст, вале барои ман кофӣ мебошад. Шавҳарам ба ман кӯмак мекунад,-гуфт ӯ.
Андешаҳои роҳ
-Меравем, мошин таъмир шуд,-омад садои ронанда ва суҳбати ману Марҷона ҳам канда шуд.
Раҳораҳ ронанда баланд-баланд аз дарди мошинаш мегуфт, вале ба гӯши ман намедаромад.
Дар фикри ман сарнавишти Марҷона буд. Зани тоҷике, ки дар Ватан бадбахт шуда, бахташро дар Арабистон пайдо кардааст.
Офарин ба ӯ, ба ҷасорату матонаташ, ба ғурураш. Инсон бояд чунин бошад – шикастнопазир!
НЕКДИЛ