Баъди чанд сол хабар шудам, ки Марҷона шавҳар карда, ба кадом кишвари арабӣ рафтааст...
Ҳамин тавр, дигар ӯро надидам.
Баъди 9 сол вохӯрии ногаҳонии мо дар дохили таксӣ барои ман ғайриинтизор буд...
Таваққуф дар ағба
-Ҳа ҳамсинф, ту дар куҷо мегардӣ, чӣ ҳол дорӣ? – пурсид аз ман Марҷона.
-Ман рӯзгори оддӣ дорам, мисли ҳама кор мекунам, - мегӯям ба ӯ. Ҳарчанд дилам пур аз саволҳост, чӣ тавр аз ӯ пурсиданамро намедонам.
-Ту чӣ ҳол дорӣ? Дар куҷоҳо мегардӣ? – суол кардам, сабр накарда.
-Ман мусофир ҳастам, ҳамсинф, мусофир. Дар ду шаҳр – Дубай ва Ҷидда зиндагӣ мекунам. Баъди 5 сол бори аввал ба Ватан омадам. Қариб як моҳ аст, ин ҷо ҳастам,– мегӯяд, Марҷона.
Ҳис мекунам, ки қалби ӯ ҳам пур аз гуфтаниҳост. Дилаш пур аст, вале салони автомобил имкон намедод, ки ҳарфи дилашро то ба охир бигӯяд...
Мошин якмаром равон буд, вале якбора садоҳои ҳархела бароварду аз кор монд. Ронанда як бало карда, онро канори роҳ гирифт ва ба муоина пардохт.
Мо дар дохили мошин будем, ду се ҳақорат карда, мошинро бо лагад зад ва ба мо муроҷиат кард: “Узр, ягон соат лозим аст, ки ман мошинро таъмир кунам. Техника аст, маро дуруст фаҳмед”.
Вайрон шудани ин мошин ба фоида мо буд, зеро имкон пайдо шуд, ки бо Марҷона суҳбат кунам.
Дар дилам ҳамин фикр буд, ки Марҷона гуфт:
-Ҳавои тоза бароем, як соат вақт мегирифтааст, ҳавои салони мошин вазнин аст.
Ҳар ду пиёда шуда, каме аз ронанда ва мусофирони дигар дуртар шудем ва рӯйи тахстасангҳо нишастем.
Бодиққат ба ӯ нигоҳ кардам.
Дар рӯяш ожангҳо пайдо шудаву хеле хаста менамояд. Бо вуҷуди он, ки пироҳани зебо дар бар дорад, рӯймолаш ҳам ба худаш зебанда, ангуштаринҳои дасташ хеле гарон, нохунҳояш ранг кардаву телефони дасташ хеле гаронарзиш аст. Маълум, ки камбағал нест, вале хушбахт ҳам нест.
Фишор
-Чӣ тавр ба Арабистон афтодӣ? – пурсидам, аз Марҷона.
-Ин қиссаи дурудароз аст... – гуфт ва ба нақли он пардохт.
Ман вақте ба донишгоҳ дохил шудам, на забони англисиро медонистам, на арабиро. Ду сол аз ҳамкурсҳоям калон будам, вале хеле қафомонда будам. Барои он ки забон омӯзам, ба дарсҳои иловагӣ мерафтам. Як рӯз ба дарси англисӣ як рӯз ба дарси арабӣ. Муаллими забони англисиам маро дар синфхонаҳои донишгоҳ дарс медод, вале маҳали дарси муаллими забони арабиям номаълум буд. Гоҳе дар боғ дарс мегузаштем, гоҳе дар кафе, гоҳе роҳравон дар хиёбонҳо. Ӯ як араби меҳрубон буд ва дар Донишгоҳи тиббӣ таҳсил мекард.
Ман зани аз шавҳар ҷудошуда будам. Медонӣ, ки дар кишвари мо ба ман барин занҳо чӣ тавр муомила мекунанд. Гап мепартоянд, гап мекунанд...
Чандин маротиба дар боғи марказӣ ё боғи Айнӣ маро бо муаллими араб дида, ҳамдеҳаҳо овоза мекунанд, ки ман бо араб мегардам. Янгаҳо бародаронамро бар зиддам шӯр меандохтанд. Онҳо бошанд, бо ман дағалгуфторӣ мекарданд.
Баъдан фаҳмам, мушкили аслӣ дар хонае будааст, ки падарам харида ба номи ман кард. Ин хона муносибати маро бо янгаҳо бурид. Онҳо гӯё девона шуданд. “Корро шавҳарҳои онҳо кунанду Марҷона дар Душанбе соҳиби хона шавад!”. “Бачаҳои мо вақти донишҷӯйӣ дар хобгоҳу амма соҳиби хона!”– мегуфтанд. Ҳол он ки аввал ду баъдан 4 ҷияни донишҷӯям дар хона бо ман буданд ва ман онҳоро нигоҳубин мекардам. Хӯрок мепухтам, либосҳояшонро мешустам...
Бо вуҷуди душвор будани зиндагӣ Худованд ба ман қувва доду ҳам забони англисӣ ва ҳам арабиро нағз меомӯхтам...
Шиносоӣ бо Салим
Фишор болои мани донишҷӯ зиёд буд. Ҳар рӯз ҷангу ғурбат доштам. Телефонам ором надошт. Як рӯз қабл аз он ки ба дарси арабӣ равам, янгаи калонӣ бо телефон ҳамроҳам ҷанҷол кард.
“Дар деҳа мегӯянд, ки ту дарс намехонӣ, хонаро фоҳишахона кардӣ, бо арабҳо айшу ишрат карда мегардӣ...”-гуфт, ӯ.
Агар ҳамон замон дар наздам мешуд, шояд буғӣ карда мекуштамаш. Гулӯям аз гиря махкам шуд. Фақат гуфтам:
“Янга, духтар дорӣ, эҳтиёт шуда гап зан. Туҳмат накун маро...”
Гирёну хастаҳол ба дарси арабӣ рафтам. Муллими арабӣ дар вайбер навишт, ки ба қаҳвахона оям, дарсро он ҷо мегузарем. Ба қаҳвахонаи маркази шаҳр, ки дар канори роҳрав дар ҳавои кушод мизу курсӣ дорад, рафтам. Ӯ бо як дӯсташ менишаст. Дӯсташ ҳам афсурда буд.
-Ба ту шуд? – пурсид бо тоҷикӣ муаллим.
-Ҳеҷ, писарамро пазмон шудам, як сол мешавад, ки ӯро надидаам, ӯ дар деҳа дар дасти модарам аст, - гуфтам ва худамро дошта натавониста, зимоми гиряро сар додам.
Ду араб маро базӯр ором карданд.
Муаллим маро бо дӯсташ шинос кард.
-Ин кас Салим, амакбачаи ман ҳастанд, ба тиҷорат машғул аст. Солҳост, ки бо тоҷикон кор мекунад. Барои таҳсил ба ин ҷо омадани ман ҳам бо сабаби ин нафар буд.
-Чаро Салим зиқ аст? – ба тоҷикӣ пурсидам, аз муаллим.
-Ҳамсари дуввумашро ҷарроҳӣ кардаанд, шояд зинда намонад. Баъди ду соат ин ба Арабистон парвоз дорад.
-Ду зан дорад? – дар ҳайрат пурсидам.
-Бале, зани дуввумаш турк аст ва ӯро хеле дӯст медорад. Бечора хеле ҷавон гирифтори саратон шуд. Ду фарзанд дорад.
Ҳамин тавр, суҳбатамонро дар бораи Салим қатъ карда, дарсамонро гузаштем.
Вақти рафтан Салим ба ман гуфт:
-Шумо хеле хуб арабиро омӯхтаед, маълум ки ҷияни ман муаллими хубест.
-Ман ҳам шогирди бад нестам,-бо табассум гуфтам ман.
Ӯ ба ман хеле маънидорона нигоҳ мекард...
Давом дорад.