Sebiston new 2024 october
Ишқи Аҳмад ҷигарамро хун кард
21.01.2023
ОИЛА
1799


Салом! Маняк зани солҳо дар оташи ишқ сӯхта мехоҳам дарди диламро бо воситаи ин сомона ба азизи роҳдурам расонам, зеро хуб медонам, ки дӯстдоштаам мухлиси ин сомона аст ва ҳар рӯз ба ин сомона ворид гашта, маводҳояшро мехонд.

Аҳмадҷони гумгаштаам! Орзуи васли туро мекардам, вале Худо нахост, ки ману ту якҷо бошем. Азизам, ту он қадар дили маро ба худ ром карда будӣ, ки ҳатто як лаҳза бе ту зиста наметавонистам, аммо тақдири бераҳм моро аз якдигар ҷудо кард. Ман ҳаргиз туро дар ҷудоиямон гунаҳгор намекунам. Гунаҳгор қисмати номард аст, ки пайванди моро бурид. Азизи гумгаштаам, оё медонӣ, ки маро ба шавҳар доданд? Бале, тақдир маро бо шахсе пайваст, ки нисбаташ заррае меҳру муҳаббат надорам. Шавҳарам бо ман меҳрубон аст, вале ҳарчанд кӯшиш мекунам, ҳеҷ ӯро дӯст дошта наметавонам.

Муҳаббати ту дар тору пуди вуҷудам он қадар амиқ ҷой гирифтааст, ки ба ҷуз ту дигар касеро дар қалбам ҷо дода наметавонам. Шавҳар дошта бошам ҳам, то ҳол дилам бо ёди ту гум мезанад. Туро баробари ҷонам, балки аз ҷонам ҳам бештар дӯст медорам, вале...


Бароят аз сидқи дил бахт мехоҳам. Хушбахт бош, азизам!
Ёри номуроди ту.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД