Сомонаи OILA.TJ тасмим гирифтааст, ки бо дастгирии Хазинаи Аврупо дар доираи лоиҳаи “Ковид ва ҷамъият” як силсила подкаст-барномаҳоро аз рӯзгори гурезаҳо ва паноҳандагон дар Тоҷикистон таҳия намояд.
Мавзӯи барномаи имрӯзаи мо хеле аҷибу шавқовар аст: Оё гурезаҳо метавонанд бо мардуми маҳаллӣ издивоҷ намоянд? Мегӯянд ишқу муҳаббат ба сарҳад, миллат ва забон коре надорад. Достони ишқи меҳмонони имрӯзаи мо ин гуфтаҳоро исбот менамояд. Абдулмусаввир ва Заррина-ишқи ин ҷуфти зебо достони Лайливу Маҷнунро ба ёд меорад. Абдулмусаввир зодаи кишвари ҳамсояамон -Афғонистон аст, вале бо амри тақдир дили ин марди қавиирода ба доми ишқи як тоҷикдухтари фариштарӯю фариштахӯй афтод.
Албатта убури марз ва расидан ба сарҳади висол барои ин ошиқони шайдо чандон осон набуд. Биёед, достони ишқи ин ду дилдодаро аз забони худашон бишнавем.