Мандухтари 19-сола ҳастам. Азбаски духтари зебо ҳастам, ҷавонони зиёде хоҳиши бо ман шинос шуданро доштанд, вале ман дари дили худро ба як ҷавони хешамон во намудам.
Бо Суҳроб дар аввал тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ ҳамчун хешу табор гап мезадем, оҳиста –оҳиста суҳбатҳои мо ранги дигар гирифта, якдигарро дӯст доштем. Суҳроб бе падар ба воя расида, хеле ҷавони кӯчагиву авбош буд. Тавре дар аввал худаш иқрор шуд, бо ҷӯраҳои бадкирдораш банг кашидаву арақ нӯшида, бо занҳои бероҳа муносибатҳои маҳрамона низ мекардааст.
Дар давоми як соле, ки бо ҳам гап мезадем, ман ӯро аз роҳи бад гардонидам, ӯ тамоман ба шахси дигар мубаддал гашт. Корҳои бадашро пурра партофта, ҳоло панҷ вақт намозашро тарк намекунад. Ҷанде қабл Суҳроб ба хонаамон модарашро хостгорӣ равон кард. Азбаски волидони ман дар бораи корҳои бади Суҳроб бисёр шунида буданд, ба модараш ҷавоби рад доданду тасмим гирифтанд, ки маро бо ҷавони дигаре оиладор менамоянд.
Суҳроб аз ман талаб карда истодааст, ки ба волидонам аз муҳаббати худ хабар дода, ба фотеҳа шуданам розӣ нашавам. Азбаски падарам дар тарбияи мо хеле сахтгир ҳастанд, ман ҷуръати ин гапро ба он кас гуфтанро надорам. Баъдан тарс аз он дорам, ки Суҳроб дар оянда боз корҳои бади худро давом дода, маро дар назди волидонам сархаму забонкутоҳ месозад.
Хонандаи азиз, шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед? Таваккал ба Худо карда, зани Суҳроби авбош шавам?
З.Д.