Formula novemver 2024
ИСБОТ МЕКУНАМ, КИ АЗ МАН ФАРЗАНД МЕШАВАД!
14.06.2020
Оила
5065

-Ду бор зан гирифта ҳеҷ фарзанддор нашудам. Ҳама гумон мекарданд, ки нуқс дар ман аст ва аз ҳамин рӯ аз пасам марди импатент аст мегуфтанд.

А
з муоинаи табибон гузаштам, онҳо дар ман ягон дарду иллат наёфта бошанд ҳам, хушдоманам маро таъна зада безурриёт мегуфт. Мардум низ аз пасам ғайбат карда, маро импатент мегуфтанд. ин ҳама аламамро меоавард ва аҳд кардам, ки барои санҷиш як ҷавонзани духтарчаи 5-сола доштаро пинҳонӣ ба никоҳи худ даровардам.

Нигора ном дошт зани дуюмам. Шавҳараш талоқи ӯро надода бошад ҳам, онҳо ду сол боз зиндагӣ надоштаанд. Хулоса, зану шавҳар шаш моҳ зиндагӣ накунанд, байнашон талоқ меафтад гуфта, мо никоҳ кардем. Ҳамагӣ се моҳ пас Нигора ҳомиладор шуд. Мани ташнаи фарзанд аз шодӣ дар куртаам намеғунҷидам.

Мехостам Нигораро ба хона бурда ба ҳамсару хушдоманам исбот намоям, ки ман дагар нестам. Пешниҳоди маро Нигора хуш қабул карда бошад ҳам, хоҳиш намуд, ки то сиҳату саломат таваллуд карданаш ин сирро аз аҳли оила ва дӯстонам пинҳон дорам, то ба ваю тифлакаш ягон зарар нарасонанд. Бесаброна шабу рӯзҳоро мешумурдам, ки кай соҳиби фарзанд мегашта бошам, аммо Нигораи бевафо дар панҷмоҳагӣ аз ман пинҳонӣ тифли батнашро, ки фарзанди ман буд, исқоти ҳамл намуд. Ба ғазаб омада сабаб пурсидам. Сар ҷумбонда гуфт:

- Шавҳари ман як хунхӯр аст, фаҳмад, ки талоқи ӯро нагирифта, ман бо ту никоҳ кардаам, ҳам туро мекушаду ҳам сари маро аз танам ҷудо мекунад. Беҳтараш аз ҳамон зани худат намон. Ман ба хонаи шавҳарам бар мегардам, чунки аздусар вай бо хушӣ ҷавоби маро намедиҳад…»

Ҳамин тавр, Нигораи ҷафокор ба назди шӯйи якумаш баргашту орзуи писардор шудан дар дили мани бетолеъ монд… 

Парвиз,

сокини Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД