Sebiston new 2024 october
ҚИРҒИЗҲО ЗАНОНИ ТОҶИКРО БОЗДОШТ НАМУДАНД
2630


“Рӯзгор оинаро мӯҳтоҷи хокистар кунад” гуфтани халқ беҳуда нест.

Рӯз то рӯз мушкилтар гаштани зиндагӣ, набудани ҷойи кор ва манбаи даромад, камбудиҳои зиёди иқтисодӣ ва андешаи чӣ тавр хӯрондану пӯшондани фарзандон касро маҷбур месозад, ки сар ба сад кӯю дар зада, барои ҷигарбандонат як луқма нон пайдо намоӣ.

Бадбахтона, талош баҳри дарёфти қути лоямут гоҳо ба сари инсон моҷароҳои зиёдеро меорад. Ҳодисаи бо чанд нафар занони мардикори тоҷик дар Қирғизистон рӯйдода далели равшани ин гуфтаҳост.

Дар ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд гуруҳҳои мардумӣ чанд нафар занони тоҷикро боздошт намудаанд. Дар ин бора хабаргузории 24 kg. бо нашри як навор хабар додааст.

Бонувони боздоштшуда дар убури ғайри қонунии марз муттаҳам дониста мешаванд.
Занони тоҷик бо нияти мардкорӣ ба Қирғизистон сафар карда дар Кулунду кор мекардаанд. Тавре ки Спутник менависад, занони мардикори тоҷикро гурӯҳҳои мардумӣ аз заминҳои деҳаи Оқ-Ариқ боздошт намудаанд. Гуфта мешавад, ки занони мардикори тоҷикро як сокини маҳаллӣ бо мошини “Порте” ба ин минтақа расонидааст.

Раёсати умури дохилаи Ботканд ин масъаларо баррасӣ намуда, тақдири занони мардикори тоҷикро ҳал хоҳад кард
Золим ба ёдоварист, ки солҳои қаблӣ низ занони тоҷик бо нияти мардикорӣ ба Қирғизистон сафар мекарданд, вале баъди ҳодисаҳои хунине, ки дар марзи ду кишвар рӯй доданд, рафту омади шаҳрвандон қатъ ва убур намудани марз расман манъ карда шудааст.


Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД