Дар як сол як маротиба ширкати Apple ба гаҷети худ навсозӣ медарорад. Дар соли 2024 смартфон iPhone 16 номида шуд. Он ду модели дорои экрани калон - 16 Plus ва 16 Pro Max дорад.
Оғози фурӯши ҷаҳонӣ 20-уми сентябри соли 2024 эълон шудааст. Арзиши он аз $799 то $1199 вобаста ба версия ва хотира аст. Чун пешин чор модели он 16, 16 Plus, 16 Pro (ҳар се бо 128 ГБ хотира) ва 16 Pro Max бо 256 ГБ хотира мавҷуд аст. Аз 22 то 26-уми сентябр дастрасии iPhone 16 ба фурӯшандагони онлайн ва инчунин воридкунандагони хусусӣ аз хориҷа оғоз мешавад.
Ҳамаи моделҳо ҳоло тугма барои назорати камера ва як тугмаи дигари назоратӣ дар паҳлӯ доранд, ки хизматрасониҳои гуногунро дар як вақт идора мекунанд. Дар версияҳои Pro ва Pro Max экран нисбатан калон шудааст.
Навоварии асосии силсилаи 16 истифода аз технологияи зеҳни сунъӣ, ба мисли барномаи Сири мебошад, ки дар асоси он ҳама хизматрасониҳои нав кор мекунанд. Ин роҳбалад ҳатто метавонад ба шумо барои дуруст кардани танзимотатон кӯмак намояд.
Барои онҳое, ки бо аксбардорӣ ва сабти видео ба таври касбӣ сарукор доранд, модели нав қобилияти гирифтани аксҳо дар формати коркарди чандир - RAW ва видео дар ProRes-ро пешниҳод мекунад.
Он ҳоло дар 5 ранг - кабуд, гулобӣ, сиёҳ, сафед ва сабзи баҳрӣ пешниҳод карда шудааст. Он дорои маҷмӯи пурра: Sim, e-Sim ва DualSim бо дастгирии технологияи 2G, 3G, 4G LTE, 5G, GSM буда, модули Wi-Fi ба насли ҳафтум дастрас аст.
Гуфта мешавад, ки дар модели насли нав ҳаҷми батарея калонтар шуда, имкони қуввагирӣ то 25-40 дақиқа барои 50% зиёд карда шуд. Инчунин, аз ҳисоби насби таҷҳизоти сардкунанда минбаъд он ҳангоми бозӣ ё пайваст кардан ба қувваи барқ аз меъёр зиёд гарм намешавад.
Хусусияти дигар тафовутпазир ин ҳифзи маълумоти шахсӣ мебошад, зеро ба қавли ширкат минбаъд иттилои инфиродии шумо сабт нашуда, ба онҳо ҳатто худи ширкат дастрасӣ пайдо намекунад, яъне, реҷаи махфият ба таври шадид нигоҳ дошта мешавад.