Дар Тоҷикистон интиқоли маблағ тариқи ҳамёнҳои электронӣ зери назорат гирифта мешавад. Дар сурати исбот шудани хусусияти тиҷоратӣ доштани интиқолҳо тариқи ҳамёни электронӣ аз маблағи мазкур андоз супурдан лозим меояд.
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон ҳанӯз 1-уми апрел дар ин хусус ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намуда, Вазорати адлияи кишвар санаи 16-уми апрел онро тасдиқ кардааст.
Интиқол байни ҳамёнҳои электронии шахсони воқеӣ метавонад амалиёти тиҷоратӣ ҳисобида шавад, агар мунтазам сурат бигирад.
Дар ҳолати ворид шудани зиёда аз 10 пардохт дар як шабонарӯз ё 80 пардохт дар як моҳ тариқи ҳамёнҳои электронии гуногун ба ҳамёни электронии як шахс маълумоти мазкур ба мақомоти андоз фиристода мешавад. Мақомоти андоз дар зарфи 10 шабонарӯз онро мавриди омӯзиш қарор медиҳад, агар исбот шавад, ки шахс бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, интиқолҳои мунтазам хислати тиҷоратӣ доранд ва пул бо мақсади пардохти хизматрасонӣ ё арзиши мол гузаронида шудааст, соҳиби ҳамён ҳамчун соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта мешавад. Маълумоти мазкур тариқи утоқи шахсии андозсупоранда ба худи шахс фиристода шуда, минбаъд аз тамоми маблағҳои тариқи ҳамёни электронӣ воридшуда андоз супурдан лозим меояд.
Мақсади зери назорат гирифтани интиқоли маблағ тариқи ҳамёнҳои электронӣ фош намудани ҳолатҳои пинҳон кардани даромад ва пардохти маблағи мол ва хидматрасониҳо на тариқи хазинаи расмӣ, балки бо воситаи ҳамёни электронӣ мебошад.
Қоидаҳои нав пас аз бақайдгирии давлатӣ ва нашри расмии эълон дар бораи зери назорат гирифтани пардохтҳо тариқи ҳамёни электронӣ эътибор пайдо мекунанд.