Arzon march 2024
Интиқоли маблағ: Аз истифодаи дурусти корт то имтиёзи "Ориёнбонк" ба муштариён
2805
Интиқоли маблағ: Аз истифодаи дурусти корт то имтиёзи "Ориёнбонк" ба муштариён

 

Дар подкасти навбатии “Маърифати молиявӣ” оид ба пардохтҳои ғайринақдӣ, чӣ гуна фоида ба даст овардан, интиқоли маблағ тариқи кортҳои бонкӣ ва бартарияти онҳо ва дигар масоили муҳим бо коршиноси масоили бонкӣ Ҳусайн Одинаев суҳбат намудем.

Ёдовар мешавем, ки ин подкаст бо дастгирии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ориёнбонк” омода гардида, видеои он дар ютубканали Oila.tj дастрас аст.

 - Ба таври маълум, Тоҷикистон аз 1-уми август ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ гузашт. Аз нигоҳи шумо, пас аз ин дар бонкҳои мо, аз ҷумла ҶСК “Ориёнбонк” чӣ тағйирот сурат гирифт?

- Баъд аз гузаштани Тоҷикистон ба низоми пардохти ғайринақдӣ интиқоли маблағҳо муфидтар хоҳад шуд. Муштариёни бонкҳо метавонанд дар дилхоҳ вақт аз дилхоҳ ҷой маблағҳои худро интиқол диҳанд ва гиранд. Инчунин, имкон доранд, ки аз имтиёзҳои хизматрасониҳои бонкӣ баҳраманд шаванд. Аз ҷумла, ҶСК “Ориёнбонк” баъди ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” барои муштариёне, ки аз 1-уми август молу хизматрасониҳоро тавассути кортҳои “Виза” ва “Корти миллии Ориёнбонк” пардохт менамоянд, 1 фоиз КЕШБЭК пешниҳод намуд. Яъне, ин маънои онро дорад, ки муштариён ҳангоми интиқоли маблағ тариқи ин намуди кортҳо фоида ба даст меоранд. Масалан, агар мизоҷ 1000 сомонӣ маблағ интиқол диҳад ё хизматрасонӣ кунад, аз ин ҳисоб 10 сомонӣ фоида мегирад.

- Яъне, Ориёнбонк барои ҳама гуна пардохтҳои ғайринақдӣ дар қаламрави Тоҷикистон 1 фоиз КЕШБЭК медиҳад? Метавонед моҳияти онро муфассал шарҳ диҳед?

- ҶСК “Ориёнбонк” тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаи худ эълон кард, ки муштариёне, ки молу хизматрасониҳоро тавассути корти VISA ва Корти миллии Ориёнбонк дар қаламрави Тоҷикистон пардохт менамоянд, 1 фоиз КЕШБЭК ба даст меоранд. Дар бахши бонкӣ, кешбэк як барномаи садоқат (лояльность) мебошад, ки муштариро барои харид бо истифода аз корти пластикӣ ҳавасманд мекунад. Ё ба таври дигар, кешбэк - навъи ҳавасмандгардонӣ, ки ҳангоми пардохт намудани арзиши мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) тавассути ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ (аз ҷумла воситаҳои электронии пардохт, кортҳои пардохтии бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) фоизи муайян аз маблағи пардохтшуда ё маблағи устувор аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ ва (ё) фурӯшанда ба мизоҷ баргардонида мешавад.

- Умуман, гузаштан ба пардохти ғайринақдӣ дар Тоҷикистон чӣ медиҳад ва то куҷо барои аҳолӣ муфид аст?

- Гузаштан ба низоми пардохти ғайринақдӣ дар Тоҷикистон аз чанд ҷиҳат муҳиму афзалият дорад. Якум, коҳиш ёфтани ҳаҷми муомилоти ғайрирасмӣ. Дуюм, баланд шудани рейтингии байналмилалии мамлакат. Сеюм, ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат.

Ҳамчунин, гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ талаботи аҳолиро ба пули нақд коҳиш медиҳад. Интизорӣ ва навбатпоиро дар назди банкоматҳо ва дар назди хазинаҳои ташкилоти қарзии молиявӣ аз байн мебарад. Яъне, ба сарфаи вақту даромади иловагии аҳолӣ мусоидат менамояд.

- Пас аз он, ки Тоҷикистон ба пардохтҳои ғайринақдӣ гузашт, муштариён ҳангоми интиқоли маблағ мушкилӣ ҳам мекашанд. Намедонанд, ки ба суратҳисобҳои ташкилотҳои қарзӣ чӣ гуна баҳисобгирӣ кунанд. Шумо чӣ маслиҳат медиҳед?

- Ҳангоми интиқоли маблағ ва ба вуҷуд омадани ягон мушкилот, пеш аз ҳама ба муштариён тавсия медиҳем, ки ба эҳсосот дода нашаванд. Нахуст ба маркази тамоси ташкилоти молиявии қарзии хизматрасон занг зада, дар бораи амалиёти гузаронидаи худ маълумот диҳанд. Баъди бартараф нашудани мушкилоти мавҷуда ҳатман ба нуқтаи наздиктарини ташкилоти молиявии қарзии хизматрасон муроҷиат намоянд.

- Имрӯз дар бонкҳои Тоҷикистон интиқоли маблағ тавассути чандин низом, аз ҷумла “Юнистрим”, “Контакт” ва “Вестерн Юнион” сурат мегирад. Мегуфтед, ки онҳо аз якдигар чӣ бартариҳо доранд?

- Ҳар як низоми интиқоли маблағ дорои бартариҳои худ мебошад. Бартарии онҳоро метавон аз рӯйи якчанд нишондиҳанда муайян кард. Ҳудуди фаъолият, низоми интиқоли маблағи “Юнистрим” дар аксари кишварҳои ҷаҳон амал мекунад.

Низоми интиқоли маблағи “Контакт” дар як қатор кишварҳои хориҷӣ амал мекунад. Низоми интиқоли маблағи “Вестерн Юнион” дар зиёда аз 200 кишвари ҷаҳон амал мекунад.

Асъори интиқол:

- “Юнистрим” - рубли Россия, доллари ИМА ва ЕВРО;

- “Контакт” - рубли Россия, доллари ИМА, ЕВРО;

- “Вестерн Юнион” - рубли Россия, доллари ИМА ва ЕВРО.

Ҳаққи хизматрасонӣ:

- “Юнистрим” - аз 0,5% то 1,5% (бо рубли Россия), аз 0,5% то 2,3% (бо доллари ИМА ва евро), инчунин вобаста аз маблағ ва кишвар;

- “Контакт” - аз 1% ва инчунин вобаста аз маблағ ва кишвар;

- “Вестерн Юнион” - 0,7% то 1% (бо рубли Россия); бо доллари ИМА вобаста аз маблағ ва кишвар;

Рамз:

- “Юнистрим” - 12 рақам ё бештар аз он;

- “Контакт” - аз 6 то 16 рақам;

- “Вестерн Юнион” - 10 рақам.

- Корти VISA аз дигар кортҳо чӣ бартарӣ дорад?

- Вобаста ба мансубият ба низомҳои пардохтӣ кортҳоро ба чанд гурӯҳ тақсим мекунанд: кортҳои локалӣ, миллӣ ва байналмилалӣ. Корти VISA ба гурӯҳи кортҳои байналмилалӣ дохил мешавад. Он ҳам чанд намуд мешавад: кортҳои VISA Gold, VISA Classic, VISA Platinum. Бартарии корти VISA аз дигар кортҳо чунин аст:

-пардохти молу хизматрасонӣ дар дохили мамлакат ва хориҷи он;

-истифодаи асъор (бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ);

-интернет - амалиётҳо.

-Ҳоло кадом низом барои интиқоли маблағ қулай, зуд ва барои мизоҷ манфиатбор аст?

- Барои интиқоли маблағи қулай, зуд ва барои мизоҷ манфиатовар интиқоли маблағи аз корт ба корт ва ҳамёнҳои электронӣ вуҷуд дорад. Ҳар як дорандаи корти пардохтии бонкӣ метавонад ба телефони мобилии худ замимабарномаи дахлдори дилхоҳ ташкилоти қарзии молиявиро интихоб намуда, дар дилхоҳ вақт ва аз ҳар гӯшаву канори мамлакат амалиёти интиқолӣ анҷом диҳад, пардохти молу хизматрасонӣ намояд ва дигар амалиётҳои мавҷударо бемамониат анҷом диҳад.

Аз идора: Ба ҳолати 31-уми марти соли 2023 аз ҷониби 21 ташкилоти қарзии молиявии ватанӣ 5,5 млн адад кортҳои пардохтии бонкӣ бароварда шудааст. Дар давоми моҳҳои январ-марти соли 2023 амалиётҳои ғайринақдӣ бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ (кортҳои пардохтии бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) аз рӯи шумора 68,5 фоиз ва аз рӯи ҳаҷми амалиёти гузаронидашуда 2,4 маротиба афзоиш ёфтааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД