Дар тобистон пӯст равғани бештар ҷудо мекунад, аммо ин маънои онро надорад, ки пӯст нарм боқӣ мемонад. Баръакс, фаъолияти зиёди ғадудҳои чарбӣ пӯстро дағал мекунад.
Аз ин рӯ, малҳамҳои нармкунандаеро истифода баред, ки дар таркибашон глитсерин, гиалуронат ё дигар моддаҳои намноккунанда дошта бошанд. Пеш аз хоб, ҳатман малҳами шабонаро молед, он пӯстро барқарор карда, субҳ бо таровати зебо бедор мешавед.
Агар пӯстатон хушку беоб бошад, танҳо бо молидани малҳам натиҷа гирифтан душвор аст. Ҳамроҳ бо он мушкоби намноккунанда истифода кунед. Беҳтараш, он дорои SPF бошад, то ҳам пӯстро нарм созад ва ҳам аз нурҳои зарарноки офтоб муҳофизат кунад.