arzon replenishment
Интихоби лабсурхкунак дар зимистон
19.01.2025
ОИЛА.ТҶ
644

Дар фасли зимистон лабсурхкунаки равғанин ва дорои моддаҳои ғизобахшро истифода бурдан беҳтар аст. Аз молидани лабсурхкунаки нармкунанда ва балзаму зарҳалҳо дар ин айём худдорӣ намоед, зеро моеи таркиби ин малҳамҳо дар хунукӣ ях карда, ба пӯсти лаб ҷароҳат мерасонанд.

Малҳамҳоеро харидорӣ намоед, ки дар таркибашон вазелин ё муми занбӯр дошта бошанд. Ин малҳамҳо пӯсти хушку кафидаи лабро ба зудӣ барқарор месозанд. Малҳамҳои дар таркибашон равғани ангат, витаминҳои А ва Е дошта низ аз манфиат холӣ нестанд.

Лабсурхкунаки гигиенӣ

Лабҳоро дар фасли зимистон дар як рӯз чанд маротиба нарм кунонидан лозим меояд, аз ин лиҳоз, ду-сето лабсурхкунаки гигиенӣ харида, яктояшро дар хонаву дигарашро дар ҷойи кор нигоҳ доред. Баъди ҳар дафъаи рӯйшӯйӣ, дандоншӯӣ, қабл аз кӯчабароӣ, баъди хӯрокхӯрӣ молидани лабсурхкунакро аз ёд набароред.

Витамин хӯред

Бо сабаби паст шудани масунияти бадан ва бар асари норасоии витамин дар организм пӯсти лабҳо хушк мешавад. Дар сурати паст шудани масунияти бадан витамини гурӯҳи А, В ё Е истеъмол намуда, ба лабҳоятон мази гидрокартизол ё метилуратсил молед. Мабодо баъди дандоншӯйӣ ё сақичхоӣ лабҳоятон мекафида бошанд, донед, ки шумо ҳассосият (аллергия) доред.

Муъҷизаи тухму чормағз

Дар фасли зимистон ҷисми аксари бонувон аз норасоии витамин ва микроэлементҳо азият мекашад, вале барои солиму зебо намудан ба дорухона давида, пачка-пачка витамин харидан шарт нест. Витаминҳоро шумо метавонед аз меваю сабзавот ва дигар хӯрданиҳои лазиз бигиред, масалан витаминҳои гурӯҳи В дар таркиби нахӯд, биринҷ, маҳсулоти турши ширӣ, ҷигар, чормағз зиёданд. Сабзӣ, моҳӣ, шир, тухм, ҷаъфарӣ, шибит ва туршак витамини А доранд. Ҷисматонро бо витамини Е таъмин кардан хоҳед, бештар карам, ҷигари гов ва гӯшти беравған хӯред. Ҷавҳари аскорбин дар меваҳои ситрусӣ, киви ва карами очонидашуда зиёд аст.

Асал молед

Ҳар бегоҳ ба пӯсти лабҳоятон равғани маска ва бобуначой молед. Ним соат қабл аз хоб ба лабҳоятон асал (агар аллергия надошта бошед) молед, лабҳоятон ба зудӣ таровати тоза пайдо мекунанд ва ба назар асал барин ширин менамоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД