Ҳамал
Мардони дар моҳи ҳамал тавлидёфта самимӣ будани муҳаббати ҷинси латифро эҳсос намоянд, тамоми мушкилиро бар дӯши худ мегиранд. Ғамхораш шавед, ҳамал ғамхоратон мегардад. Бо чунин мард тиҷорати оилавӣ кушодан ва зиндагии шоҳона сохтан мумкин аст. Ҳамалҳо дили содда доранд ва сидқан дӯст медоранд.
Савр
Намояндагони ин бурҷ хеле мумсик мешаванд, аз ин лиҳоз бо навои мусиқии Савр «рақсиданатон» лозим меояд. Бо вуҷуди хасисӣ, падари хуб мешаванд. Фарзандони худро ба қавли кампиракон гурбавор бо дандон қапида, калон мекунанд. Барои ба роҳи рост ҳидоят намудани ҷигарбандашон ҳама корро мекунанд.
Ҷавзо
Бо ин тоифаи мардон дилхушӣ кардану чақ-чақ намудан хуш аст. Ошиқи хуб аст. Агар шумо аз мард масъулиятро интизор набошед, метавонед ҷавзоро интихоб намоед. Тамоми умр мушкили зиндагиро ба дӯши худ гирифта, дар симои шавҳар-ҷавзо боз як кӯдаки бузургро қатори фарзандонатон тарбият хоҳед кард.
Саратон
Мардҳои зери ин бурҷ таваллудёфта барои ҳаёти оилавӣ идеалиянд. Саратонҳо масъулиятшиносанд ва ёфту тофташонро ба хона мекашонанд. Манзили бароҳатро дӯст медоранд. Муҳайё сохтани шароитро танҳо аз зан талаб намекунанд, худ низ баҳри ободии оила кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд. Дар хӯрокхӯрӣ инҷиқ нестанд ва пайваста аз зан изҳори муҳаббатро талаб намекунанд.
Асад
Марди беҳтарин аст, вале барои дили ин мардро ба даст овардан шумо бояд аз ҳама мавҷудоти олам ӯро бештар дӯст доред ва пайваста таърифу тавсиф намоед. Марди олӣ насибатон мегардад, агар аз ӯҳдаи ин кор ба хубӣ баромада тавонед. Асадҳо одатҳои худро тағйир додан намехоҳанд, вале худро занкалон нашуморанд ҳам, хеле зуд тобеи зан мегарданд.
Сунбула
Намояндагони ин бурҷ барои бонувоне шавҳари идеалӣ мешаванд, ки хурдагир буда, пайваста ба роҳнамоӣ ниёз доранд. Дар паҳлӯи бонуи заиф ин тоифаи мардон худро қаҳрамон ҳис мекунанд. Ба хотири чунин бону мард-сунбула аз ӯҳдаи ҳама кор мебарояд, аммо дар паҳлӯи зани бовиқор худро гум карда, саргум мезанад ва коре аз дасташ намеояд. Он гоҳ меравад ба ҷустуҷӯи бонуи орзуҳояш.
Мизон
Мардони ваъдахилофу танбалро тоқат карда наметавониста бошед, марди ҳамин бурҷро интихоб намоед. Сабру тоқат карданашон боиси он мегардад, ки рӯзе мизони шумо пулдор шуда, ҳама дороияшро садқаи сари шумову фарзандонатон месозад. Мизонҳо дар муносибатҳои ошиқона ва сӯҳбатҳои дурудароз ҳамто надоранд.
Ақраб
Намояндагони ин бурҷ дар ошиқӣ ҳамто надоранд-бо шавқу шӯр ва ҳассосанд. Ба худ ҳар гуна занро ҷалб карда, ошиқ гардонда метавонанд. Табиатан зани дилсӯзу ғамхор бошед, ақрабро ба ваҷд меоред. Барои мавриди дилсӯзиву ғамхории шумо қарор гирифтан мард-ақраб моҳирона амал мекунад. Ин тоифа дар бораи аз худ намудани илм ғайб ва дасисабозӣ ҳамто надоранд.
Қавс
Мардони зери ин бурҷ тавлидёфта қариб ба ҳамаи бонувон мувофиқанд. Мабодо бо ӯ ҳамшуғл бошед, дар симои мард- қавс ҳамақидаи хубро пайдо мекунед. Оилаи мустаҳкам мехоста бошед, қавс шавҳари хубу падари олӣ мешавад. Дӯсти беҳтарин аст. Кӯшиши ҳар қадамашро назорат карданро накунед, то қавс аз шумо нагурезад.
Ҷаддӣ
Ҷаддиҳо барои расидан ба мақсаду вазифаи баланд ҷаҳду талош менамоянд. Бо ҳамин ҷаҳду кӯшиш ҷаддӣ баҳри ба даст овардани бонуи дилхоҳаш талош меварзад. Дар сари шавҳаратон калон будан хоҳед бо ҷаддӣ оиладор шавед. Намояндагони ин бурҷ барои бонуи худ қаср месозанд. Шояд ба хотири худро нишон додан бошад, вале инаш моҳият надорад, муҳимаш месозад!
Далв
Далвҳо дӯстони хуб мешаванд ва ба ҳар гуна муносибатҳои қалбӣ вафодор мемонанд. Бо амри виҷдон кор мекунад. Далв шавҳари хуб мешавад. Мабодо далватон танбал бошад, беҳтараш бо ин хислаташ мубориза набаред, балки илҳоми кориашро интизор шавед. Ақидаронии беқолиби далвҳо аксаран фоидаовар аст. Аз таваккал кардан наметарсида бошед, далв бароятон интихоби олӣ аст.
Ҳут
Ҳутҳо мисли орзуи дастнорасанд. Шавҳару падари хуб мешавад, ба шарте, ки ҳути беҳтарин насибатон гашта бошад. Ин тоифаи ҳут барои шуморо хушбахт сохтан ҳама корро мекунад.
Умуман ҳар як мард ба таври худ идеалӣ аст. Ҳар кадоме сифатҳои хубу бади худро доранд, аз ин лиҳоз, ҳамонеро интихоб намоед, ки ба талаботу хоҳиш ва ҷаҳонбинии шумо мувофиқ аст. Бе камбудӣ ҳаёт беранг мешавад, пас нуқсонҳои хислати марди дӯстдоштаатонро гоҳо нодида бигиред.