arzon replenishment
Интихоби атр дар тобистон
971

Дар ҳар мавсим бояд атр мувофиқи фасл интихоб карда шавад. Масалан дар тобистон атри бӯйи сабук доштаро интихоб кардан беҳтар аст, зеро дар ҳарорати баланд он метавонад буйи бади ғализеро ба вуҷуд оварад, ки дили касро беҳузур месозад.

Дар фасли зимистон атрҳои хушбӯй ва бӯйи ширин доштаро мувофиқи табъи худ метавонед интихоб кунед, вале дар айёми гармӣ ин атрҳоро истифода бурдан чандон хуб нест. Атри тобистонаи зан бояд ба атрофиёнаш кайфияти гувороеро тақдим намояд, на ин ки дили касро беҷо созад.

Интихоби хушбӯйӣ барои тобистон кори душвор аст, зеро дар гармо ҳар гуна атр бӯйи хуш надорад ва ҳатто бӯйи бадро ба вуҷуд оварда метавонад. Барои он ки дигарон ҳангоми шамидани накҳати аз ҳад зиёд вазнин ва дурушти атр нороҳат нашаванд, атрро дар айёми гармӣ хеле эҳтиёткорона истифода баред. Дар тобистон атрҳои бӯйи сабук ва нозук доштаро интихоб кунед, беҳтар аст.

Атрҳое, ки дар таркибашон маҳсулоти табиии ситрусӣ доранд, ба монанди равғанҳои эфирии лимон, афлесун, грейпфрут, мандарин, бергамот ва клементин бӯйи баланд доранд. Бинобар ин, атторон тавсия медиҳанд, ки атрро на ба пӯст, балки ба либос пошед.

Дар фасли тобистон дар интихоби атр бодиққат будан лозим аст. Истифодаи ҳар гуна атр метавонад ба таассуроти одамони беруна зарар расонад. Барои он ки дигарон ва худатон нороҳат нашавед, дар тобистон шумо бояд аз бӯйи вазнин, спиртдор ва аз ҳад зиёд ширин даст кашед. Ин атрҳо барои зимистон мувофиқанд, зеро таъсири гармкунанда доранд.

Атри беҳтарин дар тобистон - ин атрҳои ситрусӣ ҳастанд. Беҳтарин навъи он атрҳои дорои бӯйи афлесун, мандарин, ёсуман, садбарг, бунафш ва ғайра мебошанд. Ин гуна атрҳо дар тобистон муносибанд.

Атро ба куҷо пошидан лозим аст?

Пошидани атр дар зери китф мумкин нест, зеро атр алтернативаи дезодорант нест. Пӯсти зери китф нозук ва ҳассос аст. Аз ин рӯ, он бояд аз бӯйи бад ва доғ муҳофизат карда шавад. Таъсири офтоб ба таги каши атропошида метавонад боиси илтиҳоб ва дигар мушкилот гардад. Ҳангоми истифодаи атр дар тобистон бояд аз истифодаи маҳсулоти спиртдор худдорӣ намуд.

Дастҳо, паси гӯшҳо, каҷҳои оринҷ ё гардан, зери зонуҳо маконҳои хуб барои пошидани атр мебошанд. Дар фасли тобистон атрро ба бадан дуруст пошидан лозим аст, то аз бӯйи хушаш лаззат баред.

Дар мӯйҳоятон хушбӯйӣ истифода кунед. Барои он ки бӯй на тез, балки хуб барояд, танҳо 2-3 қатраи атрро истифода бурдан кифоя аст. Атрро ба либос пошед. Аз атри хушсифат дар матоъ доғ намемонад, аммо бӯйи он муддати тӯлонӣ боқӣ мемонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД