Модари се гулдухтарам. Мардум ҳама ҳаваси духтаронамро мехӯранду орзу мекунанд ин зебосанамҳоро келин кунанд, вале ман боварӣ надорам, ки гулпариҳоям касеро хушбахт карда метавонанд.
Гап сари он аст, ки духтарони хушқаду чилкокулам ба гуфти пирон кӯчахандонаки хонагирёнанд ва ба ҷуз аз орою торо додани худашон дигар аз дасташон ягон кор намеояд. Духтари калониям Сороро сарзаниш намуда, мегӯям, ки кору бори хонаро ёд гир, пагоз аз уҳдаи зиндагӣ набароӣ, хушдоман рӯзатро сиёҳ мекунад, лабашро бурма карда «Оча, ғами моро хӯрда нашин, вақте ки шавҳар кардам, ҳамаашро ёд мегирам» гуфта, қошу қавоқашро овезон мекунад.
Дигар духтарҳоямро низ чандин бор насиҳат кардам, коҳиш намудам, вале ба ҷойи хатояшонро фаҳмида, очаҷон, минбаъд чунин танбалӣ намекунем гуфтан, қаҳр карда, чанд рӯз аз ҳуҷраи хобашон намебароянд. Ҳама кору бори хона бар дӯши худам аст, субҳ хӯроки субҳонаю нимрӯзиашонро тайёр карда мемонаму баъд ба бозор меравам, бегоҳ аз савдо хастаю гурусна шуда бармегардам ва мебинам, ки дег холию духтарҳо дар назди телевизор ё компютер чақ-чақкунон нишастаанд. Оҳи сард кашида ба ошхона мегузараму барои тайёрхӯрҳои нозанинам таъом мепазам.
Намедонам дар ҳамон интернети лаънатӣ чӣ ёфтаанд, ки ки ҳеҷ аз агенту одноклассники сер намешаванд духтарҳоям. Телефонҳояшон ҳам орому қарор надорад, рӯзи дароз бо ким-киҳо гап мезананду гап мезананд. Метарсам, ки оқибат маро шарманда мекунанд. Ҳамсояҳо духтаронамро таги чашм намудаанд, дугонаҳои савдогарам ҳам ҳар рӯз хостгорӣ меоем мегӯянд, намедонам ба талабгоронашон чи ҷавоб диҳам.
Ба хостгорҳо духтарҳои ман муғамбиранд, аз уҳдаи кору бори хона намебароянд гӯям яқин аст, ки ба ҳолам механданд, намегӯям, пас аз тӯй ноқобилии келинро дида, шояд дар сарам чормағз шикананд. Илтимос, маслиҳатам диҳед, илоҷи духтарҳои нокораамро чӣ хел ёбам?
Фароғат, аз н. Шаҳринав