Кормандони милитсия фолбинзанеро дастгир намуданд, ки бо доиранавозӣ беморонро ба таври худ табобат менамудааст. Ин зан сокини ноҳияи Варзоб Гулчеҳра Кабирова мебошад, ки мардумро гумроҳ намуда, пули муфт ба даст меовардааст.
Гулчеҳра Кабирова бар он ақида аст, ки бо задани доира ва хондани сураи «Ихлос» мушкили корафтодагон ҳал мешавад ва беморон шифо меёбанд. Ӯ дар мактаб то синфи 8-ум хонда, ҳатто маълумоти миёна надорад.
Ин зан маълумоти тиббӣ ё динӣ надошта бошад ҳам, бо роҳи фиреб ба боварии мардум даромада, ризқу рӯзии худро аз фолбинӣ ва бахшибонӣ меёфтааст.
Ба иттилои ВКД, ин зан аз боварӣ ва эътимоди мардум сӯйиистифода карда, зиндагиашро бо фиреб пеш мебурдааст.
Ба ғайр аз Каримова боз ду фолбини дигар низ ба чанг афтодаанд.