Пулиси ҳинд ҷавони 17-солаеро дастгир намуд, ки дар фурӯхтани завҷаи худ гунаҳкор дониста мешавад. Зану шавҳар моҳи августи соли ҷорӣ дар иёлоти Одишаи Раҷистон оиладор шуда буданд. Аз тӯяшон чанд рӯз сипарӣ гашта, ҷавон зани 26-солаи худро ба марди 55-сола бо нархи 180 ҳазор рупий фурӯхта, дар пулаш телефон харидааст. Вақте ки наздикони арӯс куҷо будани духтарашонро аз домоди худ пурсон мешаванд, ҷавон мегӯяд, ки занаш ӯро партофта рафтааст. Ба гапи ҷавон бовар накарда, хешовандони зан ба пулис муроҷиат карданд. Бо кумаки кормандони ҳифзи ҳуқуқ зани фурӯхташуда ба хонаи волидонаш баргардонида шуд.