Байни Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази иттилоотии хизматрасонии сайёҳӣ»-и Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати чинии «More Trip International Travel Service Co» ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин бора Абдукарим Қурбонзод, сухангӯи Кумитаи мазкур ба "Оила" хабар дод.
Мавсуф гуфт, ҷонибҳо ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкории дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ, табодули таҷриба, ташрифи сайёҳони ду ҷониб, ворид намудни сайёҳони кишварҳои сеюм ба Тоҷикистон тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии Чин ва Тоҷикистон ва баргузории чорабиниҳои муштараки сайёҳӣ ибрози назар намуданд.
Изҳор гардид, ки ба роҳ мондани равобити дуҷонибаи ширкатҳои Чин ва Тоҷикистон барои рушди соҳаи сайёҳии ҳарду давлат манфиатовар мебошад.
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории мутақобила байни Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази иттилоотии хизматрасонии сайёҳӣ»-и Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати чинии «More Trip International Travel Service Co» ҷиҳати муаррифии иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воситаҳои ахбори омма ва захираҳои интернетии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо мусоидат хоҳад намуд.
Ин Ёддошти тафоҳум муҳлатнок буда, то 31 декабри соли 2023 қобилияти амал намуданро дорад ва бо назардошти манфиатҳои ду ҷониб метавонад тамдид карда шавад.