Formula novemver 2024
Имсол "Дарси сулҳ" дар куҷо доир мешавад?
1120

Имсол таҷлили Рӯзи Дониш ва Дарси сулҳ бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора як манбаъ аз Вазорати маориф ва илм ва як манбаи дигар аз донишгоҳи мазкур ба Oila.tj хабар доданд.

Ба қавли манобеи мо, корҳои омодагӣ дар донишгоҳи мазкур идома дошта, то рӯзи 1-уми сентябр бинои он бояд барои баистифодадиҳӣ омода карда шавад.

Бояд гуфт, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, бо назардошти афзоиши аҳолии мамлакат ва қонеъ намудани талаботи кишвар ба мутахассисони соҳаи тиб, бо ташаббуси Сарвари давлат таъсис ёфта, соли ҳафтум аст, ки фаъолият менамояд. 

Моҳи апрели соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара аз рафти корҳои сохтмонии бинои асосии Донишгоҳ дидан карда, ба масъулини ниҳодҳои давлатӣ дастур дода буданд, ки корҳои сохтмонӣ, муҷаҳҳазсозии бинои асосӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ба анҷом расонда, моҳи сентябри соли 2023 мавриди истифода қарор дода шавад.
 
Ҳамзамон, таъкид намуданд, ки минбаъд, бо назардошти мақоми байналмилалӣ гирифтани ДДТХ, синфхонаю озмоишгоҳҳои он бояд бо навтарин таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ таъмин гарданд. 
 
Ба иттилои манобеи боз, бинои асосӣ дар майдони 1,8 гектар қомат афрохта, аз 9 ошёна ва 4 қисм иборат аст. Масоҳати бино 25956 метри мураббаъ ва теъдоди умумии синфхонаҳо 80-то буда, дорои 2000 ҷойи нишаст мебошад.
 
Инчунин, дар бинои донишгоҳ толорҳои маҷлис ва лексионӣ мавҷуд аст. Ҳамзамон, зимни сафари кории Сарвари давлат ба ноҳияи Данғара, бинои таълимии № 1, ки аз шаш ошёна иборат аст, мавриди истифода қарор дода мешавад.
 
Бино дар майдони 0,5 гектар сохта шуда, масоҳати он 3814,1 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар бино 24 синфхона бо 350 ҷойи нишаст мавҷуд буда, кафедраҳои тибби назариявӣ, анатомияи нормалӣ, физиологияи нормалӣ ва патологӣ, анатомияи патологӣ ва гистология бо муосиртарин таҷҳизот муҷаҳҳаз гардидаанд.
 
Дар маҷмуъ, дар ду бинои сохташуда имконияти наздик ба 3000 ҷойи нишаст фароҳам хоҳад омад. Инчунин, бинои ошхона бо тарҳи замонавӣ дар масоҳати 1089 метри мураббаъ, ки дар як вақт ба 300 нафар хизмат мерасонад, мавриди истифода қарор дода мешавад. Илова бар ин, дар қисми зербинои бинои асосӣ барои 200 нафар ошхона ташкил шудааст.
 
Шумораи умумии омӯзгорону кормандони ДДТХ ба 335 нафар мерасад. Ҳайати профессорону омӯзгорон 183 нафар буда, аз ин шумора 130 нафарашро профессорону омӯзгорони асосӣ ташкил медиҳанд. 
 
Шумораи умумии донишҷӯён 2248 нафар (1642 писар ва 606 духтар) мебошад. Донишҷӯёни тибқи Квотаи президентӣ таҳсилкунанда 58 нафарро ташкил медиҳанд. Дар Донишгоҳ 14 нафар ятим ва 15 нафар маъюби гурӯҳи 2 таҳсил мекунад.
 
Миқдори гурӯҳҳои академӣ 126-то буда, 47 гурӯҳ ба забони тоҷикӣ ва 79 гурӯҳ ба забони русӣ таҳсил менамоянд. Аз шумораи умумии донишҷӯён 501 нафар бо хобгоҳ таъмин мебошад.
Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД