Имсол ба Хатлон беш аз 900 ҳазор сайёҳон ташриф овардаанд
118

Дар нуҳ моҳи соли равон ба вилояти Хатлон 928 ҳазору 319 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ ворид гардидаанд, ки аз ин шумора 832 ҳазору 613 нафарро сайёҳони дохилӣ ва 95 ҳазору 706 нафари дигарро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд.

Айни замон дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят 940 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 270 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 121 меҳмонхона, 143 мавзеи табиӣ, 45 осорхона, 115 зиёратгоҳ ва даҳҳо тарабхона, чойхона, марказҳои иттилоотӣ ва дигар инфрасохтори зарурии сайёҳӣ фаъолият доранд.

Ҳамасола манзараҳои табиати дилфиреб, кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Хатлонзамин ва рӯду чашмаҳои зулолу шифобахши ин минтақаро садҳо нафар сайёҳон тамошо менамоянд.

Хатлон ҳамчунин макони фарҳангу ҳунар буда, байни мардуми ин минтақа ҳунарҳои чакандӯзию гулдӯзӣ, чӯбтарошию заргарӣ рушд намудаанд. Маҳсули дастони ҳунармандони чирадасти Хатлонзамин чандин намоишгоҳу фестивалҳои сатҳи ҷаҳониро бо ҷилои фарҳанги пурғановат оро додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД