goodwell
Имрӯз нахустнамоиши силсилафилми «Гулшан» баргузор мегардад
13.10.2026
Oila.tj
95

Имрӯз, 13-уми октябр соати 17:00 дар “Кохи Суруш”-и Душанбе нахустнамоиши фасли аввали силсилафилми нави тоҷикӣ бо номи «Гулшан» баргузор мешавад. Лоиҳа аз тарафи киностудияи «Довфилм» дар коргардонии Муҳиддини Музаффар таҳия шудааст.

Нақши асосиро дар филм Сумая Раҷабова, ғолиби бахши «Мисс маҳбуби дилҳо»-и озмуни «Мисс Душанбе-2026» иҷро кардааст.

Меҳвари асосии «Гулшан» сарнавишти духтари ҷавонест, ки аз як деҳаи дурдаст барои таҳсил ба Душанбе меояд. Қаҳрамон дар пойтахт бо муҳити нав, орзуҳо, муҳаббат, душвориҳои зиндагӣ ва қарорҳое рӯ ба рӯ мешавад, ки метавонанд тамоми сарнавишташро дигар кунанд.

Муҳиддини Музаффар ин асарро драмаи иҷтимоӣ-равонӣ номидааст. Ба гуфтаи ӯ, «Гулшан» қиссаи духтарест, ки аз таҳқиру шикаст гузашта, барои расидан ба қудрат, истиқлол ва муваффақият мубориза мебарад.

Яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳа, ба гуфтаи таҳиягар, офаридани симои нави зани ҷавони тоҷик аст, духтаре, ки орзу дорад мехонад, меомӯзад, мустақилона қарор қабул мекунад ва барои сохтани ояндаи худ талош меварзад.

Дар силсилафилм ҳамчунин ҳунармандони ботаҷриба Лутфулло Давлатзода, Фирӯза Раҳмонова, Искандар Каримов, Малоҳат Абдуллоева ва Замира Юлдошева ҳунарнамоӣ мекунанд. Ба иттилои таҳиягарон, силсилафилм аз 90 қисм иборат хоҳад буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД