Тими миллии наврасони то 17-солаи Тоҷикистон баъди анҷоми рақобатҳои худ дар Ҷоми Осиё-2025 дар Арабистони Саудӣ, имрӯз, 17-уми апрел ба ватан бозмегардад.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи кишвар, наврасони тоҷик соати 19:40 ба Душанбе омада мерасанд.
Миллипӯшони навраси тоҷик дар Ҷоми Осиё то марҳилаи 1/4-ниҳоӣ рафта, дар ин давр аз наврасони Куриёи Ҷанубӣ ноком шуданд. Ҳамин тавр, ин мусобиқа барои Тоҷикистон поён ёфт, вале тими миллии наврасони мо бо роҳ ёфтан ба марҳилаи якчаҳорумниҳоии Ҷоми Осиё роҳхати Ҷоми Ҷаҳонро ба даст овард.
Наврасони тоҷик моҳи ноябр дар Қатар дар Ҷоми Ҷаҳон байни наврасон ширкат мекунанд.