Google, системаи ҷустуҷӯии маъруф имрӯз зодрӯзи худро ҷашн мегирад. Ҷолиб он аст, ки ин сана бо рӯзи бақайдгирии ширкат ё номи домени google.com мувофиқат намекунад. Пас, чаро 27 сентябр ҷашн гирифтани зодрӯзи Google анъана шудааст?
Ларри Пейҷ ва Сергей Брин муассисони ин ширкат мебошанд. Онҳо соли 1995 ҳангоми таҳсил дар Донишгоҳи Стэнфорд вохӯрданд ва якҷоя дар алгоритми муайян кардани аҳамияти сайтҳо кор карданд, ки баъдан заминаи системаи ҷустуҷӯии Google-ро ташкил дод.
Номи домени google.com 15 сентябри соли 1997 ба қайд гирифта шуд ва Google Inc. 4 сентябри соли 1998 ҳамчун ширкат ба қайд гирифта шуд. Аммо сар аз соли 2005 зодрӯзи ширкат расман 27 сентябр ҷашн гирифта мешавад.
Дар ин рӯз корбарон ба таври рекордӣ ба система ворид шуданд ва чун рӯзи таърихӣ барои кормандони ширкат буд, онҳо қарор доданд минбаъд ҳамасола 27 сентябр ин рӯзро чун мавлуди ширкат ҷашн гиранд. Акнун Google ҳам чун Маликаи Бритониё зодрӯзи расмии худро дорад.
Баъди ин, ҳар сол ба муносибати зодрӯзи худ Google логотипашро иваз мекунад ва як амсилаи аниматсионӣ пешкаш мекунад, ки чандсола шудани ширкатро ифода мекунад.