Бино ба иттилои Шабакаҳои тақсимоти барқ дар Душанбе, имрӯз, 15-уми январ дар баъзе кӯчаҳои ноҳияи Фирдавсии пойтахт то соати 17:00 барқ хомӯш карда мешавад.
Қатъи муваққатии интиқоли барқ дар кӯчаҳои Қаҳҳоров, Мумзин, Рустам Амакӣ, Гравзавод ва Гулбутта-4-и ноҳияи Фирдавсӣ пешбинӣ гардидааст.
Далели хомӯш кардани барқ ба корҳои таъмир дар зеристгоҳҳо марбут дониста мешавад.