Имрӯз, 3-юми ноябр дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе то соати 17:00 барқ муваққатан хомӯш карда мешавад.
Бино ба иттилои Шабакаҳои барқи Душанбе, сабаби қатъи муваққатии барқ таъмири хатҳои интиқоли нерӯ мебошад.
Гуфта мешавад, ки қатъи муваққатии интиқоли барқ дар қисме аз кӯчаҳои ноҳияҳои Сино ва Фирдавсии шаҳри Душанбе дар назар аст.