Имрӯз, 18-уми декабр, то соати 17:00 дар як қатор кӯчаҳои шаҳри Душанбе таъминоти барқ қисман муваққатан қатъ карда мешавад.
Дар ноҳияи Фирдавсӣ дар кӯчаҳои Н. Қарабоев, Крупская, Фирдавсӣ, Гулбутта-1, Гулбутта-2, Гулбутта-3, дар ноҳияи Сино дар кӯчаҳои Чағатай, Армуғон, инчунин минтақаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барқ хомӯш мешавад.
Сабаб гузаронидани корҳои банақшагирифтаи таъмирӣ ва пешгирикунанда дар зеристгоҳҳои барқии «Саховат», «Обукорез» ва «Қасри Теннис» гуфта мешавад.