35 years of independency
Имрӯз дар баъзе кӯчаҳои Душанбе ҳаракати нақлиёт маҳдуд мешавад
11.09.2026
Oila.tj
79

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт расонида мешавад, ки шоми имрӯз, 11-уми сентябр, аз соати 17:00 то 23:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар чанд масири пойтахт маҳдуд карда мешавад.

Тибқи иттилоъ, маҳдудият тавассути хиёбонҳои И. Сомонӣ, Ҳ. Шерозӣ ва кӯчаи Н. Ганҷавӣ ҷорӣ мегардад.

Аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки дар ин соатҳо аз кӯчаҳои ҳамшафат истифода намуда, аз таваққуфи нодурусти воситаҳои нақлиёт дар масирҳои мазкур худдорӣ кунанд.

Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ҳаракат маҳдудияти муваққатиро ба назар гирифта, вақти сафари худро пешакӣ ба нақша гиранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД