Агентии обуҳавошиносии кишвар аз тағйир ёфтани боду ҳаво хабар додааст. Тибқи иттилоъи ин ниҳод имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, туман мефарояд, дар баъзе ноҳияҳо борон ва бар баъзе минтақаҳо барф меборад.
Ҳарорати ҳаво рӯзона ба 14+16 дараҷа мерасад.
Тавре ки манбаъ хабар додааст, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имрӯз ҳавои абрнок шуда, борон ва барф ба амал меояд.
Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 20-25 дараҷа хунук, рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд имрӯз ҳавои абрнок пешгӯӣ шудааст. Борон ва барф борида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12, дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 0+5 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Маркази обуҳавошиносии кишвар дар вилояти Хатлон низ имрӯз ҳавои абрнокро пешгӯӣ намудааст. Дар ин минтақа низ борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6, рӯзона 11+16, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5 ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12, дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа, рӯзона 10+15 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона -2+3 дараҷа ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Тибқи иттилоъи агентии обуҳавошиносӣ дар шаҳри Душанбе рӯзона борони кӯтоҳмуддат борида, шабона ҳаво бебориш хоҳад буд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3+5 ва рӯзона 13+15 дараҷа гарм мешавад.