Имрӯз, 24-уми феврал бо сабаби таъмири чанд зеристгоҳ ва буридани шохаҳои дарахтон дар баъзе кӯчаҳои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт барқ муваққатан хомӯш карда мешавад.
Дар ин бора Шабакаҳои тақсимоти барқ хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, аз соати 9:00 то 16:00 ба сокинони кӯчаҳои Айнӣ, Қаротегин, Зебунисо, маҳаллаҳои Соҳибкорон ва Деҳқонон барқ дода намешавад.