Қиморбозӣ ҳам аз назари қонун ва ҳам аз нигоҳи динӣ гуноҳи бузург аст, аммо шахсоне ёфт мешаванд, ки ба хотири ба даст овардани даромади муфт даст ба ин амали номатлуб зада, одамонро гӯл мезананд, фиреб медиҳанд ва пули молашонро соҳиб мешаванд. Имрӯзҳо дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт тез-тез чунин афроди мардумфиребро во хӯрдан мумкин аст. Аксари ин қаллобон бо унвони “Алик-малик” бозии маккоронае ташкил намуда, дар атрофи худ одамони зиёдеро ҷамъ мекунанд ва бо ваъдаҳои осмонӣ онҳоро ба домашон кашида, бо фиребу найранг пулҳояшонро аз худ менамоянд.
Зимни гузаронидани як амалиёти махсус кормандони милитсия ду ҷавони мардумфиребро дастгир намуданд.Самандар Юнусов 26-сол дошта, сокини деҳаи Ҳакимободи Кӯлоб аст. Ин ҷавони айёр бо сокини деҳаи Иттифоқи ноҳияи Фархор Хуршед Ҳомидови 25-сола забон як карда, бо мақсади ба даст овардани пули бе дарди миён тез-тез дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе бозии “Алик-малик” ташкил мекарданд. Ин ду ҷавони муфтхӯр одамони содаву зудбоварро бо ваъдаи бурд кардани пули калон ба дом афканда, охирин пули дар ҷайбашон бударо аз худ менамуданд.
Қаблан кормандони милитсия чанд маротиба ин ду ҷавонро ҳушдор дода буданд, ки ҳиллаву найранг ва мардумфиребиро бас карда, одамвор, бо меҳнати ҳалол зиндагӣ кунанд, аммо панду насиҳат ба онҳо заррае асар накарада, амали номатлуби хешро идома медоданд. Беҳуда нагуфтаанд: “Як бор ҷастӣ малахак, ду бор ҷастӣ малахак, охир ба дасти малахак!”
Авомфиребии ин ду ҷавони қиморбоз дер давом накарда, ниҳоят ба чанг афтиданд. Кормандони милитсия Самандар ва Хуршедро дар кӯчаи Муҳаммадҷон Қосимови ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҳангоми бозии “Алик-малик” дастгир намуда, ба боздоштгоҳ бурданд.
Суд ин ду ҷавони қиморбозро ба 7 шабонарӯзи маҳбас маҳкум кард, вале саволе ба миён меояд, ки магар ин ҷазо барои фиреби садҳо одамон кифоя аст?!
“Алик-малик” бозии бисёр маккорона буда, ташкилкунандагонаш дар байни чанд дақиқа аз ҳисоби мардуми содаву зудбовари тоҷик соҳиби чанд ҳазор сомонӣ мешаванд. Магар баъди 7 шабонарӯзи маҳбас онҳо аз ин даромади муфт даст мекашанд?!
Ман заррае ба ислоҳ шудани ин ду ҷавони қиморбоз бовар надорам! Шумо чӣ? Илтимос, назаратонро нависед: Магар 7 шабнарӯзи маҳбас барои ду ҷавони маккор ва даҳҳо қоморбозони дигар, ки имрӯзҳо садҳо одамони содаро фиреб дода, пулҳои бо меҳнати зиёд ва арақи ҷабин ёфтаашонро аз худ мекунанд, кифоя аст? Тақдири қиморбозонро, агар ба дасти шумо медоданд, чи ҷазоро ба онҳо сазовор медонистед?