Sebiston new 2024 october
«ИМОН ИНТЕРНЕШННАЛ» марҳилаи аввали озмуни «IMON Scholarship»-ро ба анҷом расонд
1039

Тибқи натиҷаҳои озмун, ки мустақиман дар сафҳаҳои расмии «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ», Facebook ва Instagram нашр шуд, 55 ғолиби озмун муайян гардиданд.

Дар озмун донишҷӯёни донишгоҳҳои Донишкадаи кӯҳкории Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар Душанбе, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Рӯдакӣ, Донишкадаи молиявию иқтисодии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемур, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино  ширкат варзида, ғолиб омаданд.

Хотиррасон менамоем, ки дар марҳилаи аввали озмун  15 бастаи интернетӣ, 10 корт аз «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» бо пул дар суратҳисоб, 10 гӯшмонаки бесим ва 10 трекери фитнес ва мукофоти асосӣ 10 шаҳодатномаи пулӣ, ки ҳар кадом 1000 сомониро ташкил медод, соҳибони  худро пайдо карданд.

Иқдоми мазкур барои ҳавасмандгардонии донишҷӯёни беҳтарин ва  такмили дониши онҳо таҳия шудааст.

Барои марҳилаи дуввуми озмун  қабули дархостҳо аз 15 январи соли 2021 шурӯъ мешавад. Меъёрҳои асосии озмун чунинанд:

—  80% баҳои донишҷӯ дар семестри гузашта бояд ба дараҷаи «аъло»

мувофиқат кунанд;

—  20% баҳои донишҷӯ дар семестри гузашта бояд ба дараҷаи «хуб»

мувофиқат кунанд;

-донишҷӯёне, ки дар семестри гузашта аз баҳои дараҷаи «хуб» поинтарро ба даст овардаанд, дар озмун ширкат варзида наметавонанд.

Барои иштирок дар озмун донишҷӯ бояд чӣ кор кунад?

— варақаи анкетаи худро пур карда, нусхаи китоби баҳогузориро илова намояд;  сафҳаи аввал бо номи пурра  донишҷӯ ва саҳифа бо баҳоҳо барои семестри гузашта бояд замима шавад.

Иштирокчиёни озмун метавонанд анкетаи худро тариқи фосилавӣ пур намуда,  ба сомонаи расми «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ»: imon.tj ё дар чат-боти Viber ирсол намоянд.

Ҷоизаҳо ба таври тасодуфӣ дар байни рақами ID донишҷӯён бо нишондиҳандаҳои хуби таълимӣ ба қайд гирифта мешавад.

Илова бар ин ҳамаи иштирокчиёни озмун, ки аз интихоб гузаштаанд, дар захираи кадрҳои«ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» ба қайд гирифта мешаванд, яъне. номзадҳои эҳтимолӣ барои ҷойҳои холии ин ташкилот хоҳанд буд.

«IMON INTERNATIONAL» онҳоеро дастгирӣ мекунад, ки сайъу  кӯшиш мекунанд, то ин ки дониши худро саъқал дода, дар соҳаи худ беҳтарин бошанд.

Агар шумо донишҷӯе ҳастед, ки дарси хуби таълимӣ доред ё шумо чунин шиносҳо доред, пас ҳатман ба онҳо дар бораи ин озмун нақл кунед, зеро, тавре ки шиори «IMON Scholarship» мегӯяд — «Зирак будан фоидаовар аст”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД