Sebiston new 2024 october
«ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» РУШДИ БОМУВАФФАҚИЯТИ ХУДРО ИДОМА МЕДИҲАД
01.09.2020
Сухроб
1283

Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Имон Интернешнл» то чӣ андоза муҳим будани муошират ва гирифтани маълумот оид ба масъалаҳои гуногуни молиявиро барои одамон дарк намуда, рушди филиалҳои шабакаи минтақавии худро мекунад. Дастрасӣ ба маблағгузорӣ тавассути асбобҳои рақамии дурдаст ва ҳам бо усули классикӣ ба даст оварда мешавад, ки ҳадафаш зиёд кардани шумораи филиалҳо барои хизматрасонӣ ба мизоҷон мебошад.

Айни замон ташкилоти мазкур дар тамоми саросари кишвар 130 филиал дорад. Танҳо дар соли 2020 «Имон Интернешнл» филиалҳои худро дар минтақаҳои зерин тақвият дод: Шаҳритуз, Данғара (ноҳияи Ховалинг), ноҳияи Рӯдакӣ, Кӯлоб (ноҳияи Муъминобод), Душанбе (ноҳияи Шоҳмансур, ноҳияи Сомонӣ). Умуман, филиалҳои шабакаи минтақавии «Имон Интернешнл» тамоми қаламрави кишвар — аз шимол ба ҷануб — вилояти Суғд, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказро дар бар мегиранд.

Имрӯз «Имон Интернешнл» барои аҳолии ҷумҳурӣ доираи васеи хизматрасониҳои бонкиро пешниҳод менамояд. Шумораи умумии мизоҷони хидматрасон — қарзгирандагони фаъол, ки дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт кор мекунанд, зиёда аз 110 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳангоми қарздиҳӣ барои рушди соҳибкории хурду миёна, рушди соҳибкории занон, дастгирии корхонаҳое, ки дар соҳаи сайёҳӣ кор мекунанд ва маблағгузории муштариёне, ки бо ҳунарҳои мардумӣ машғуланд, диққати махсус дода мешавад.

Эътимоди мардум ба Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Имон Интернешнл» бетағйир боқӣ мемонад — Ташкилоти амонатии қарзии хурд ҳамеша кафолат медиҳад, ки бехатарӣ ва афзоиши пасандозҳои амонатгузоронаш, ки айни замон шумораи онҳо аз 400 000 зиёд аст, таъмин хоҳад буд.

Дар Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Имон Интернешнл» 1500 нафар мутахассисон фаъолият менамоянд ва ташкилот дар як фазои хуб кори худро пеш мебарад.Тавре пурсишҳо нишон медиҳанд, маҳз аз ҷониби муштариён «Имон Интернешнл» қадр карда мешавад. Саҳмдорон ва роҳбарият боварӣ доранд, ки дастоварди муҳим дар тӯли ин солҳо он аст, ки ташкилот имрӯз як гуруҳи муттаҳиде дорад, ки ҳар кадоме аз онҳо мутахассисони соҳаи худ мебошанд ва ҳамаи масъалаҳоро ҳаллу фасл хоҳанд кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД