Formula novemver 2024
Имомхатибонро навбатдор мегузоранд
632

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо, ки барои эълони рӯзи Иди Қурбон ва намози ид баргузор гашт, дар баробари қарору вазифаҳо ба имомхатибон супоришҳо дода шуд.

Тавре ки аз Шӯрои уламои кишвар хабар доданд, давоми рӯзҳои Ид имомхатибон вазифадор карда шуданд, ки дар мавъизаҳояшон таваҷҷуҳи мардумро ба масъалаи расонидани кӯмаки моддӣ ба ятимону бепарасторон, ниёзмандон, танзими идгардаки кӯдакон ва зери назорат қарор додани онҳо, пешгирии исрофкориҳо дар рӯзи Ид ва сарфаю сариштакорӣ ҷалб намоянд.

Ҳамзамон, супориш шуд, ки имомхатибон ва комиссияи одоб, ки дар масҷидҳо фаъолият менамоянд, навбатдории шабонарӯзиро барои таъмини амнияти намозгузорон дар рӯзҳои ид ба роҳ монанд.

Ҳусейнҷон Мӯсозода, муовини Раиси Шӯрои уламо аъзои Шӯроро ба муносибати ду ид – ҷашни Ваҳдати миллӣ ва Иди саиди Қурбон табрику таҳният гуфта, қайд кард, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи Иди саиди Қурбон дар кишвар ба рӯзи 28-уми июн рост меояд.

Иди Қурбон яке аз идҳои мардуми мусалмон маҳсуб ёфта, ҳамасола баъд аз иди Рамазон таҷлил карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД