Манижаи Сангин-тоҷикдухтари шуҷое, ки бо таронаи “инқилобиаш” тамоми Русияро ба по хезонд, аз назари ходимони дини мубини ислом низ дур намонд...
Манижа шояд ягона ҳунарманде бошад, ки натанҳо аҳли санъату ҳунар, балки ҳатто сиёсатмадорону давлатдорон низ дар атрофи таронааш баҳсу мунозира менамоянд. Иштироки ин сарояндаи тоҷикасли Русия дар “Евровидение-2021” ба сони як “бомбаи атомӣ” ба назари баъзеҳо хатанок метобад.
Нидоҳои бадхоҳони Манижаи Сангин, ки иддао доранд, ин сарояндаи ҷавони ғайри рус бо таронаи “Русская женщина”шаъну шарафи бонувони русро паст зада, обрӯи ин миллати бузургро дар саҳнаи азими “Евровидение” мерезонад, аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва радиову телевизион то ба Кремл расида, чеҳраҳои машҳури сиёсии ин кишвар аз қабили Валентина Матвиенко, Елена Афанасьева, Дмитрий Песков назари худро нисбати Манижаи Сангин иброз намуда буданд.
Аз ҳама аҷибаш он аст, ки таронаҳои ин тоҷикдухтари “инқилобчӣ” аз назари ходимони дини мубини ислом низ дур намондааст ва акнун ҳатто дар масҷид муллоҳо дар бораи Манижаи Сангин ҳарф мезананд. Аз ҷумла Довуд Муҳидинов, имом-хатиби Вилояти Маскав ба Манижа маслиҳат додааст, ки сурудашро иваз кунад.
Имом-хатиб мегӯяд, ҳар як иштирокчии Евровидение, ки ин ё он кишварро намояндагӣ мекунад, бояд ҳатман нуқтаи назар ва хоҳишу дархости шаҳрвандонро ба назар бигирад.
"Бо дарназардошти он ки нисбати суруди интихобкардаи ӯ назарҳои манфӣ бисёр аст, аз ин рӯ Манижаро лозим аст, сурудашро иваз кунад", - таъкид намудааст Довуд Муҳиддинов.
Аз нигоҳи ислом дар саҳна баромад кардани зани мусалмон ҷоиз нест, вале Довуд Муҳиддинов мегӯяд: “Худованди муттаол ба ҳар як инсон ҳуқуқи интихоб додааст.”
Аксари муллоҳо ва ходимони дини ислом суруду мусиқиро як нав “васвасаи шайтон” мешуморанд ва аслан ба шунидани таронаҳои шавқангези муосир заррае майлу рағбат надоранд, вале имом-хатиби Вилояти Маскав ба ҳунари Манижаи Сангин баҳои баланд додааст.
"Манижа тоҷик аст ва аз ин чиз душманон метавонанд барои эҷоди ихтилоф истифода кунанд, яъне нишон диҳанд, ки Русия чӣ гуна ҳуқуқҳои одамон ва халқҳоро поймол мекунад. Масъала бисёр нозук аст ва набояд шароитеро фароҳам овард, ки душманон аз он роҳат истифода кунанд,"-ғамхорона ба овозхон ҳушдор додааст Довуд Муҳиддинов.
Ёдрас мешавем, ки озмуни Евровидение - 2021 аз 18 то 22-юми май дар Роттердами Ҳолланд баргузор гашта, дар он санъаткорони машҳур аз 41 кишвари ҷаҳон иштирок ва қувваозмоӣ хоҳанд кард.
Манижаи Сангин дар доираи интихоби миллӣ дар Шабакаи аввали телевизиони Россия шумораи аз ҳама зиёди овозҳоро ба даст оварда, ҳамчун намояндаи Россия ба Евровидение - 2021 пешниҳод гаштааст, вале бисёриҳо бар он назаранд, ки Манижа дар ин озмун танҳо зинаи охиринро ишғол карда метавонад. Аҷиб, агар ин сарояндаи ҷавони тоҷиктабор, баъди ин ҳама баҳсу мунозира ва кашмакашиҳои зиёд ғолибиятро дар “Евровидение-2021” ба даст орад, он гоҳ душманонаш чӣ мегуфта бошанд?!
Манбаъ: Спутник