Arzon march 2024
Қимматшавии нархи интернет дигарбора бекор шуд
378

 

Хадамоти алоқаи кишвар зидди қимматшавии нархи интернет шуд. Ин ниҳод расман изҳор дошт, ки тарифҳои ширкатҳо боло бурда намешаванд.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, давоми чанд рӯзи охир баъзе аз ширкатҳои алоқаи мобилӣ бо ирсоли смс-паёмак ба муштариёнашон гуфтанд, нархи тарифҳои худро қиммат мекунанд. Хадамоти алоқа ин иқдомро ғайримақсаднок ҳисобида, тамоми операторони алоқаи мобилиро ба бекор кардани он даъват кард.

Ба зикри ин ниҳод, тасмими қимматкунии нархи тарофаҳо ба вазъи иқтисодию иҷтимоии аҳолии кишвар таъсири манфӣ мерасонад.

Пештар аз ин, моҳи январ низ ширкатҳо чунин тасмим гирифта буданд ва ин ниҳод онро бекор карда буд. Хадамоти алоқа бо мақсади ҳифзи манфиатҳои муштариён ин иқдомро ғайримақсаднок ҳисобида, аз тамоми операторони алоқаи мобилӣ даъват кард, ки ба ҳар гуна иқдоми носанҷида, ҳангомабарангез ва беэътиборкунанда даст назананд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД